Сокини Суғд барои қатли ҷиянҳои хурдсолаш маҳкум шуд

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Ҳайати мушовараи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии вилояти Суғд сокини 47-солаи ҷамоати Иван-тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Толиб Мирзобоқиевро ба 20 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» раиси мурофиаи мазкур, судяи суди вилояти Суғд Фирӯза Аҳмадзода хабар дод, куштори ду ноболиғ – Умедҷон Мирзобоқиев, соли таваллудаш 1997 (он замон 11-сола) ва Ситора Мирзобоқиева, соли тавалудаш 2002 (он замон 6-сола) соли 2008 дар шаҳри Екатеринбурги Русия содир шудааст.

Маҳкумшуда амаки онҳо, бародари падари 53-солааашон Қурбон Мирзобоқиев мебошад, ки соли 2002 барои даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир маҳкум ва то соли 2012 адои ҷазо кардааст.

Судя қайд кард, ки зани дуюми Қурбон шаҳрванди Ӯзбекистон Салима Мирзобоқиева 22 марти соли 2002 ба Екатеринбург рафтааст.

Толиб Мирзобоқиев ва писари бародари ӯ Манучеҳр Шавкатови он замон 19-сола Салима ва фарзандони ӯро сабаби ҷудошавии оилаи якуми Қурбон Мирзобоқиев дониста, ба ӯ аз лиҳозӣ моддӣ кумак намекардаанд. Тибқи маслиҳати пешакӣ, онҳо тасмим мегиранд, ки кӯдакони ноболиғро мекушанд.

Санаи 17 апрели соли 2008, вақте ки дар хона ҳеҷ кас набуд, онҳо ба иҷрои нақшаи худ пардохта, амаки ноболиғон Толиб Мирзобоқиев Умедҷони 11-сола ва бародараш хоҳари худро буғӣ карда ба қатл мерасонанд.

Барои рӯйпӯш кардани ҷинояти худ онҳо ҷасади кӯдаконро дар халтаҳо ҷо карда, онро дар партовгоҳи ҷангал мепартоянд.

Вале баъди 4 сол, моҳи апрели соли 2012 Манучеҳр Шавкатов ба мақомоти милитсияи шаҳри Екатеринбург омада, ба гуноҳаш иқрор мешавад. Суд ӯро ба 15,6 соли зиндон маҳкум кардааст.

Амаки кӯдакон Толиб Мирзобоқиев аз соли 2012 мавриди ҷустуҷӯ эълон шуда буд. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ӯро 5 июни соли 2017 дар зодгоҳаш, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ боздошт кардаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...