Аз Русия ба Тоҷикистон 52 ҳазор китоби дарсӣ оварда шуд

Asia-Plus

Аз Русия ба Тоҷикистон 52 ҳазор адад китобҳои дарсӣ бо забони русӣ оварда шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз намояндагии Россотрудничество дар Душанбе хабар доданд, китобҳои дарсӣ аз алифбову дастурҳо барои расмкашӣ ва дигар навъи фанҳои хониш иборатанд.

Бунёди «Русский мир» – 20 ҳазор адад китоби омӯзиши забони русӣ ва ташкилоти «Русская гуманитарная миссия» – 32 ҳазор китобҳои дарсӣ аз фанҳои гуногун ҷудо кардааст.

Баъдан намояндагони Маркази илму фарҳанги Русия ин китобҳоро ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахти кишвар ва мактабҳои вилоятҳои Суғду Хатлон тақсим мекунанд.

Бино ба маълумоти Россотрудничество, айни замон дар Тоҷикистон ҳудуди 30 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ бо таҳсили забони русӣ амал мекунад, ки дар онҳо беш аз 17 ҳазор нафар хонандагон таҳсил мекунанд.

Қобили зикр аст, ки 30 нафар омӯзгорони фанҳои забони русӣ, химия, физика, математика, биология ва информатика имрӯз аз Русия ба Тоҷикистон меоянд. Омӯзгорон аз минтақаҳои гуногун – вилоятҳои Кострома, Кемерово, Бошқирдистон, Доғистон ва Тотористон буда, музди меҳнати моҳонаи онҳо 74 ҳазор рублро ташкил хоҳад дод.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...