Мушаки Кореяи Шимолӣ қаламрави Ҷопонро убур кард

Дар пайи тозатарин озмоиши мушакии Кореяи Шимолӣ, ки аз болои хоки Ҷопон убур кард, мақомоти Амрико, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ фишорҳои худро ба Пхенян афзоиш дода ва вокуниши тунд нишон доданд. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ,  ин мушак субҳи сешанбе аз наздикии Пхенян — пойтахти Кореяи Шимолӣ партоб шуда ва аз ҳарими ҳавоии шимоли Ҷопон […]

Радиои Озодӣ

Дар пайи тозатарин озмоиши мушакии Кореяи Шимолӣ, ки аз болои хоки Ҷопон убур кард, мақомоти Амрико, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ фишорҳои худро ба Пхенян афзоиш дода ва вокуниши тунд нишон доданд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ,  ин мушак субҳи сешанбе аз наздикии Пхенян — пойтахти Кореяи Шимолӣ партоб шуда ва аз ҳарими ҳавоии шимоли Ҷопон убур кардааст.

Ба гуфтаи дафтари нахуствазири Ҷопон, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ва нахуствазири он кишвар тавофуқ кардаанд, ки талошҳои худро барои ворид кардани фишорҳо ба Пхенян бештар намоянд.

Нахуствазири Ҷопон озмоиши ахири Кореяи Шимолиро "таҳдиди шадид" хондааст. Нахуствазири Ҷопон ҳамзамон хостори ташкили нишасти изтирории Шӯрои Амнияти СММ шудааст.

Шӯрои амният чанде қабл қатъномаеро дар бораи озмоишҳои низомии Кореяи Шимолӣ тасвиб кард. Шӯрои Амнияти СММ озмоиши мушакҳои балластикӣ ва ҳастаӣ аз сӯи Кореяи Шимолиро манъ кардааст.

Ҳамзамон ба гуфтаи нахуствазири Ҷопон, раиси Ситоди муштараки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҳамтои ҷопонии ӯ дар Кореяи Ҷанубӣ гуфтугӯ кардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.