Аз Русия ба Тоҷикистон 52 ҳазор китоби дарсӣ оварда шуд

Аз Русия ба Тоҷикистон 52 ҳазор адад китобҳои дарсӣ бо забони русӣ оварда шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз намояндагии Россотрудничество дар Душанбе хабар доданд, китобҳои дарсӣ аз алифбову дастурҳо барои расмкашӣ ва дигар навъи фанҳои хониш иборатанд. Бунёди «Русский мир» – 20 ҳазор адад китоби омӯзиши забони русӣ ва ташкилоти «Русская гуманитарная миссия» – 32 […]

Аз Русия ба Тоҷикистон 52 ҳазор адад китобҳои дарсӣ бо забони русӣ оварда шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз намояндагии Россотрудничество дар Душанбе хабар доданд, китобҳои дарсӣ аз алифбову дастурҳо барои расмкашӣ ва дигар навъи фанҳои хониш иборатанд.

Бунёди «Русский мир» – 20 ҳазор адад китоби омӯзиши забони русӣ ва ташкилоти «Русская гуманитарная миссия» – 32 ҳазор китобҳои дарсӣ аз фанҳои гуногун ҷудо кардааст.

Баъдан намояндагони Маркази илму фарҳанги Русия ин китобҳоро ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахти кишвар ва мактабҳои вилоятҳои Суғду Хатлон тақсим мекунанд.

Бино ба маълумоти Россотрудничество, айни замон дар Тоҷикистон ҳудуди 30 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ бо таҳсили забони русӣ амал мекунад, ки дар онҳо беш аз 17 ҳазор нафар хонандагон таҳсил мекунанд.

Қобили зикр аст, ки 30 нафар омӯзгорони фанҳои забони русӣ, химия, физика, математика, биология ва информатика имрӯз аз Русия ба Тоҷикистон меоянд. Омӯзгорон аз минтақаҳои гуногун – вилоятҳои Кострома, Кемерово, Бошқирдистон, Доғистон ва Тотористон буда, музди меҳнати моҳонаи онҳо 74 ҳазор рублро ташкил хоҳад дод.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.