Вақти оғози дарсҳо дар муассисаҳои таълимии пойтахт мисли пешин шуд

Хабаргузории «Озодагон»

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо қабули як қарор эълон доштааст, ки аз 1 сентябри соли равон дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии шаҳри Душанбе дарсҳо аз соати 8:00 оғоз меёбанд.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», қаблан бо пешниҳоди Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси вақти Душанбе қарор шуда буд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии пойтахт дарсҳо аз соати 7:30 оғоз шаванд.

Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон 28-уми август бо қарори ҳайати мушовараи Вазорат реҷаи дарсӣ ба ҳолати муқаррарӣ баргардонида шуд.

Вазорати маориф далели ин тасмимашро ба коҳиши танбашавии нақлиёти автомобилӣ ва муътадил гардидани ҳаракати нақлиёти мусофирбари шаҳри Душанбе рабт додааст: “Машғулиятҳои басти дуюм дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии шаҳри Душанбе тибқи реҷаи тасдиқгардида бетағйир боқӣ мондаанд”.

Ёдрас мекунем, ки моҳи ноябри соли 2015 Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар мувофиқа бо ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи тағйири вақти оғози дарсҳо дар муаассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе қарор қабул кард. Мувофиқи ин қарор оғози дарсҳо дар ҳамаи макотиби олӣ, коллеҷ ва омӯзишгоҳҳои пойтахт ним соат пештар, яъне соати 7-у 30 дақиқаи субҳ муқаррар шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...