Раиси ҲСДТ вазири маорифро ба бекор кардани қарори ғайриқонуниаш даъват кард

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров дар робита ба қарори вазири маориф доир ба санаи 1 сентябр ба дарс ҳозир шудани хонандагони мактабҳову донишҷӯён изҳорот пахш намуд. Ба андешаи Зойиров, ин мустақиман поймол кардани қонун аст. Ӯ аз вазири маориф даъват кард, ки қонунро риоя намуда, бо дархости ба дигар рӯз гузаронидани Иди Қурбон муроҷиат […]

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров дар робита ба қарори вазири маориф доир ба санаи 1 сентябр ба дарс ҳозир шудани хонандагони мактабҳову донишҷӯён изҳорот пахш намуд.

Ба андешаи Зойиров, ин мустақиман поймол кардани қонун аст. Ӯ аз вазири маориф даъват кард, ки қонунро риоя намуда, бо дархости ба дигар рӯз гузаронидани Иди Қурбон муроҷиат намояд ё қарори ғайриқонунии худро бекор созад.

Дар изҳороти Зойиров дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук қайд мешавад, ки мақомоти салоҳиятдор эълон карданд, ки имсол Иди Қурбон санаи 1 сентябр ҷашн гирифта мешавад, аз ин рӯ, иҷрои қонун зарур аст, чунки мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон Иди Қурбон рӯзи истироҳат аст.

«Қарори 1 сентябрро рӯзи дарсӣ эълон кардани Вазорати маориф мустақиман нақз ва нодида гирифтани қонун дар бораи рӯзҳои ид ва истироҳат, ҳуқуқи шаҳрвандон ба истироҳат ва озодии виҷдон мутобиқи қонунгузорӣ аст, – менависад ӯ. – Агар барои Вазорати маориф гузаронидани рӯзи 1 сентябр ҳамчунин Рӯзи дониш зарур бошад, пас аввал мебоист бо мақомоти дахлдор ба рӯзи дигар гузаронидани Иди Қурбонро мувофиқа мекард».

Ба қавли ҳуқуқшинос Зойиров танҳо ду роҳи риоя ва иҷрои қонун мавҷуд аст – ҷашни Иди Қурбонро ба рӯзи дигар гузаронидан ё бекор кардани қарори худ, ки ғайриқонунӣ буда, ҳуқуқҳои шаҳрвандонро поймол месозад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.