Вақти оғози дарсҳо дар муассисаҳои таълимии пойтахт мисли пешин шуд

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо қабули як қарор эълон доштааст, ки аз 1 сентябри соли равон дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии шаҳри Душанбе дарсҳо аз соати 8:00 оғоз меёбанд. Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», қаблан бо пешниҳоди Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси вақти Душанбе қарор шуда буд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва […]

Хабаргузории «Озодагон»

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо қабули як қарор эълон доштааст, ки аз 1 сентябри соли равон дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии шаҳри Душанбе дарсҳо аз соати 8:00 оғоз меёбанд.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», қаблан бо пешниҳоди Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси вақти Душанбе қарор шуда буд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии пойтахт дарсҳо аз соати 7:30 оғоз шаванд.

Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон 28-уми август бо қарори ҳайати мушовараи Вазорат реҷаи дарсӣ ба ҳолати муқаррарӣ баргардонида шуд.

Вазорати маориф далели ин тасмимашро ба коҳиши танбашавии нақлиёти автомобилӣ ва муътадил гардидани ҳаракати нақлиёти мусофирбари шаҳри Душанбе рабт додааст: “Машғулиятҳои басти дуюм дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии шаҳри Душанбе тибқи реҷаи тасдиқгардида бетағйир боқӣ мондаанд”.

Ёдрас мекунем, ки моҳи ноябри соли 2015 Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар мувофиқа бо ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи тағйири вақти оғози дарсҳо дар муаассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе қарор қабул кард. Мувофиқи ин қарор оғози дарсҳо дар ҳамаи макотиби олӣ, коллеҷ ва омӯзишгоҳҳои пойтахт ним соат пештар, яъне соати 7-у 30 дақиқаи субҳ муқаррар шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.