Ҳикояти сайёҳи турк аз ришвагирии милитсионерҳои тоҷик ва муҷозоти ВКД

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон кормандони милитсияро, ки дар бораашон сайёҳи турк ҳикоят кардааст, ошкор намуда, онҳоро ҷазо дод. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, Вазорат мақолаи дар шабакаи интернет таҳти унвони «Ягон пулис мисли Тоҷикистон аз паси ришва нест»-ро, ки аз ҷониби аксбардор ва сайёҳи турк Меҳмет Генҷ нашр шуда буд, мавриди баррасӣ қарор […]

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон кормандони милитсияро, ки дар бораашон сайёҳи турк ҳикоят кардааст, ошкор намуда, онҳоро ҷазо дод.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, Вазорат мақолаи дар шабакаи интернет таҳти унвони «Ягон пулис мисли Тоҷикистон аз паси ришва нест»-ро, ки аз ҷониби аксбардор ва сайёҳи турк Меҳмет Генҷ нашр шуда буд, мавриди баррасӣ қарор додааст.

Гуфта мешавад, зимни санҷиши хизматӣ муайян карда шуд, ки баъзе кормандони ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе, ШБДА дар Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб, шуъбачаҳои БДА мақомоти корҳои дохилӣ дар ш.Кӯлоб, ноҳияҳои Ш.Шоҳин ва Дарвоз ба камбудиҳо ва қонуншиканӣ роҳ додаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои мушаххас андешида шуда, бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми августи соли 2017 ба 25 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷазоҳои интизомӣ татбиқ карда шуд.

Қобили зикр аст, ки чанд рӯз пеш Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар пайи нашри мавод дар сомонаи Радиои Озодӣ дар бораи аз ҷониби кормандони милитсия тамаъ кардани пул аз сайёҳи олмонӣ дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ санҷиш оғоз кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.