Ҳалокати 10 нафар, аз ҷумла 4 кӯдак дар садамаи нақлиёт дар шарқи ҷумҳурӣ

Бар асари садамаи нақлиёт, ки дар минтақаи шарқи ҷумҳурӣ, дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рух дод, 10 нафар ба ҳалокат расиданд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати БДА хабар доданд, ин ҳодисаи фоҷеабор субҳи рӯзи 28 август дар роҳи мошингарди Роштқалаъа – Хоруғ рух дода, ронандаи микроавтобуси тамғаи «Старекс» аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, он […]

Бар асари садамаи нақлиёт, ки дар минтақаи шарқи ҷумҳурӣ, дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рух дод, 10 нафар ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати БДА хабар доданд, ин ҳодисаи фоҷеабор субҳи рӯзи 28 август дар роҳи мошингарди Роштқалаъа – Хоруғ рух дода, ронандаи микроавтобуси тамғаи «Старекс» аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, он ба рӯдхонаи Шоҳдара сарозер шудааст. Дар дохили автомашина 13 нафар мусофирон, аз ҷумла 4 нафар кӯдакон қарор доштаанд.

Бар асари ин ҳодиса 10 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки байнашон 4 нафар кӯдакон низ ҳузур доранд. Ҷасадҳои ҳамаи фавтидагон дарёфт шуда, се мусофир, аз ҷумла ронанда бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Айни замон сабабу ҳолатҳои садама мавриди таҳқиқ қарор гирифта, дар ҷойи ҳодисаи садамаи нақлиёт комиссияи тафтишотӣ машғули кор аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.