Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Рӯзҳои 30 -31 август дар чор минтақаи шаҳри Душанбе: Маҷмааи савдои «Меҳргон», кӯчаи Ҳусейнзода (назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ), МД «Боғи фарҳангу фароғатии Дӯстии халқҳо» ва назди КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал дар шаҳри Душанбе» иди харбузаву асал ва ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ доир мегардад;

– Дар намоишгоҳи «Текстиллегпром», ки дар шаҳри Маскав баргузор мешавад, 9 ширкати тоҷикистонӣ иштирок мекунад;

– Омӯзгорони Русия, ки ба мактабҳои Тоҷикистон барои кор омаданд, бо рӯзноманигорон суҳбат мекунанд. Нишасти хабарӣ дар Маркази илму фарҳанги Русия доир мегардад. Оғоз соати 16:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8099 сомонӣ;

1 евро – 10.6133 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1470 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1996 – Дар корхонаи гидрометаллургии Исфара коргоҳи истеҳсоли сурмаи металлӣ ба кор даромад.

2007 — Тоҷикистон бо Парагвай муносибатҳои дипломатӣ роҳандозӣ намуд.

2009 — Дар Тоҷикистон бо иштироки президенти мамлакат нақби «Шар-Шар» ба истифода дода шуд.

2010 — Нашри газетаи ҳамарӯзаи «ИмрӯзNews» дар Тоҷикистон оғоз гардид.

2010 — Нашри ҳафтавори ҷамъиятиву сиёсии «Азия-Плюс» ду маротиба дар як ҳафта – рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе ба роҳ монда шуд.

2011 — Дар Душанбе Парчами Тоҷикистон дар пояи баландтарин дар ҷаҳон барафрохта шуд, ки ба Китоби рекордҳои Гиннес номнавис шуд.

1951 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Саодат Азизова.

1956 – Мавлуди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҷамшед Исмоилов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +33+38; дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +22+27.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +34+39; дар доманакӯҳҳо шабона +13+18, рӯзона +29+34.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +11+16, рӯзона +27+32; дар шарқ шабона 0+5, рӯзона +15+20.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +33+38; дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +27+32. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +35+37.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +35+37.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +35+37.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +29+31.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...