«Ба ватан арзи сипос карданиам»: ташрифи омӯзгорони Русия ба Душанбе

Бори нахуст 30 нафар омӯзгорони фанҳои забони русӣ, химия, физика, математика, биология ва информатика аз Русия ба Тоҷикистон омаданд, ки муддати 1 сол ба толибилмони тоҷик дарс хоҳанд гуфт. Омӯзгорон аз минтақаҳои гуногун – вилоятҳои Кострома, Кемерово, Бошқирдистон, Доғистон ва Тотористон мебошанд. – Ман аз Доғистонам, омӯзгори фанни математика ва мехоҳам, ки чизеро дар ҳаёт […]

Лилия Гайсина, Asia-Plus

Бори нахуст 30 нафар омӯзгорони фанҳои забони русӣ, химия, физика, математика, биология ва информатика аз Русия ба Тоҷикистон омаданд, ки муддати 1 сол ба толибилмони тоҷик дарс хоҳанд гуфт.

Омӯзгорон аз минтақаҳои гуногун – вилоятҳои Кострома, Кемерово, Бошқирдистон, Доғистон ва Тотористон мебошанд.

– Ман аз Доғистонам, омӯзгори фанни математика ва мехоҳам, ки чизеро дар ҳаёт барои худ тағйир диҳам, вале ҳис мекунам, ки на он қадр муяссар хоҳад шуд, зеро тоҷикон ба халқи ман монанданд. Тоҷикистон низ минтақаи кӯҳсор аст ва расму оину рӯҳияи ин мардумро ман хуб мефаҳмам. Дар ҳавопаймо низ гумон карданд, ки ман тоҷикам», – иброз дошт ба «Азия-Плюс» Фотима Саидова, ки дар шаҳри Махачқалъа 22 сол собиқаи кори омӯзгорӣ дорад ва дар гимназияи №5-и пойтахт ба кор шурӯъ мекунад.

Муаллимаи фанни информатика Татяна Свалетская, ки ӯро дар фурудгоҳ дӯстонаш пешвоз гирифтанд, зикр кард, ки, дар Душанбе зода шудаву ба воя расидааст ва баъди хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №3-и пойтахт омӯзгорӣ кардааст.

«Аммо бо оғози рӯйдодҳои фоҷеабори солҳои 90-ум оилаи мо соли 1993 Тоҷикистонро тарк карда, аз он вақт ман дигар дар Тоҷикистон набудам, ҳарчанд ин ҷо дӯстону шиносҳои хеле хубу наздик дорам, ки тӯли ин солҳо мудом бо онҳо робита доштам», – қайд кард ӯ.

Татяна Свалетская ҳамчунин гуфт, зимни муаррифии Тоҷикистон барои омӯзгорон дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав бисёре аз мавзеъҳову иншооти нави сохташударо нашинохтааст ва ба назараш Душанбе боз ҳам зеботар шуда, мехоҳад барои ватанаш, ки ба ӯ аз он бисёр некиҳо расидааст, як кори хубе карда, арзи сипос намояд.

Қобили зикр аст, ки чанде аз омӯзгорон ҳамроҳи оилаҳои худ ба Тоҷикистон омадаанд. Онҳоро дар фурудгоҳ натанҳо шахсони расмӣ, балки дӯстону рӯзноманигорон низ самимиона пешвоз гирифтанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон 0,46 кг партови сахт ба як нафар дар як рӯз ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..