Кумитаи дин: Ҳеҷ гуна комиссияи назорати қурбонӣ вуҷуд надорад

Кумита оид ба корҳои дини назди ҳукумати Тоҷикистон овозаҳо дар бораи таъсиси кадом як комиссияи махсус дар остонаи Иди Қурбонро, ки тартиби қурбонӣ карданро муайян мекардааст, рад кард. Мувофиқи ин овозаҳо, ки муддати чанд рӯз мардум аз он гуфтугузор доранд, шахсоне, ки нияти қурбонӣ кардани чорворо доранд, бояд назди ин комиссия дар бораи дар куҷо […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Кумита оид ба корҳои дини назди ҳукумати Тоҷикистон овозаҳо дар бораи таъсиси кадом як комиссияи махсус дар остонаи Иди Қурбонро, ки тартиби қурбонӣ карданро муайян мекардааст, рад кард.

Мувофиқи ин овозаҳо, ки муддати чанд рӯз мардум аз он гуфтугузор доранд, шахсоне, ки нияти қурбонӣ кардани чорворо доранд, бояд назди ин комиссия дар бораи дар куҷо кор карданашон ва афроди доро буданашон ҳисобот медодаанд.

Ҳамчунин мегӯянд, ин комиссия шахсро уҳдадор мекардааст, ки қисмате аз гӯшти чорвои қурбонишударо ба хонаи кӯдакону пиронсолон ё интернат диҳад. «Ҳамаи ин овозаҳо асоси воқеӣ надоранд», – гуфтанд ба «Азия-Плюс» дар Кумитаи дин.

Қобили зикр аст, ки раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ фурӯш ва забҳи чорворо дар қаламрави пойтахт дар арафаи Иди Қурбон иҷозат дод. Фурӯши чорвои майдаи шохдор таҳти назорати сохторҳои санитарӣ дар остонаи Иди Қурбон ташкил карда мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.