СММ сабукиҳо дар издивоҷи духтарони тоҷик бо хориҷиҳоро тавсия дод

Созмони Милали Муттаҳид ба Тоҷикистон тавсия додааст, тағйироти воридшуда ба Кодекси оиларо, ки ҳаққи издивоҷ бо хориҷиҳоро маҳдуд мекунад, бозбинӣ намояд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар гузориши Кумитаи зидди табъизи нажодии СММ, ки рӯзи 28-уми август нашр шуд, гуфта мешавад, ин кодекс ҳаққи интихоби ҳамсар ва дар маҷмӯъ ҳуқуқи инсонро ҷиддан […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Созмони Милали Муттаҳид ба Тоҷикистон тавсия додааст, тағйироти воридшуда ба Кодекси оиларо, ки ҳаққи издивоҷ бо хориҷиҳоро маҳдуд мекунад, бозбинӣ намояд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар гузориши Кумитаи зидди табъизи нажодии СММ, ки рӯзи 28-уми август нашр шуд, гуфта мешавад, ин кодекс ҳаққи интихоби ҳамсар ва дар маҷмӯъ ҳуқуқи инсонро ҷиддан нақз мекунад.

Рӯзи 26-уми август ҷаласаи 93-уми Кумитаи зидди табъизи нажодии Созмони Милали Муттаҳид ба поён расид, ки дар он дар баробари даҳҳо кишвари дигар гузориши Тоҷикистон дар бораи ҳимояи ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ низ шунида шуд. Рӯзи 28-уми август аъзои ин Кумита тавсияҳои худро ба кишварҳои мавриди назар нашр карданд. Тоҷикистон рӯзи 11-уми август дар назди аъзои кумита гузориш дода буд.

Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон, рӯзи 11-уми август дар посух ба ин иддао гуфта буд, ки қонун дар пайи сабти мавридҳои зиёди истисмори шаҳвонии шаҳрвандони кишвар тағйир ёфт. Ӯ гуфт, “бисёре аз хориҷиҳо ҳамчун ҳамсар бо шаҳрвандони мо издивоҷ карданд, вале баъдан маълум шуд, ки онҳоро ба ғуломии шаҳвонӣ ба хориҷи кишвар бурдаанд. Ба ин хотир, мо дар қонунгузорӣ баъзе тағйиротҳо барои пешгирӣ аз чунин амалҳо, ворид кардем.”

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, ки дар ин ҷаласа иштирок дошт, дар тақвият афзуд, ки мақомоти кишвар барои ҷилавгирӣ аз қочоқи инсон тадбирҳо меандешанд: “Дар давраи ҳисоботӣ, мақомоти интизомии Тоҷикистон дар нисбати қочоқи инсон 191 парванди ҷиноиро боз ва таҳқиқ намудааст, ки 133 ҳолати он дар хориҷи кишвар сурат гирифтааст. Афроди муттаҳам ба ҷиноят тибқи талаботи қонун мӯҳлати ҷазои худро дар муассисаҳои илоҳотии Тоҷикистон ва берун аз кишвар адо мекунанд.”

Дар панҷ соли пеш аз қабули ин муқаррарот дар Тоҷикистон тахминан 2700 мавриди издивоҷ бо хориҷиҳо сабт шуда буд, яъне тахминан 540 ҳодиса дар як сол. Соли баъди таҳрири кодекс, шумораи издивоҷҳо даҳ баробар кам шуд, вале солҳои охир дубора рӯ ба афзоиш овард. Дар нӯҳ моҳи соли гузашта 276 мавриди никоҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бо хориҷиҳо сабт шудааст, ки 100 адад бештар назар ба соли 2015 будааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.