Бозии Қирғизистон – Мянма бо сабаби «эҳтимоли ҳамлаи террористӣ» доир намегардад

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти Федератсияи футболи Қирғизистон Семетей Султонов рӯзи 4 сентябр дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Бишкек изҳор доштааст, ки бо сабаби эҳтимоли ҳамлаи террористӣ бозии футбол миёни дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Мянма доир намегардад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Султонов гуфтааст, ин тасмимро сарвазири Қирғизистон Сафар Исҳоқов зимни ҳарос аз ҳамлаи эҳтимолии террористӣ дар пасманзари хабарҳои куштори мусулмонон дар Мянма гирифтааст.

"Эҳтимоли сурат гирифтани ҳамлаи террористӣ вуҷуд дорад. Бозӣ бо мақсади таъмини амният ва пешгирӣ аз барангехтани бадбинии нажодиву бетартибиҳои оммавӣ лағв карда шуд", – гиброз доштааст ӯ.

Ёдрас мешавад, ки бозии дастаҳои Қирғизистону Мянма қарор буд, 5 сентябр дар варзишгоҳи ба номи Д. Омурзакови Бишкек баргузор шавад.

Ин бозӣ дар доираи даври интихобии Ҷоми Осиё-2019 барпо мешуд ва вохӯрии ҷавобии дастаҳо бояд 10 октябри соли равон дар Мянма баргузор шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.