Саргардонии зойирини тоҷик дар водии Мино

Даҳҳо нафар зойирин аз Истаравшану Панҷакент баъди бозгашт аз кӯҳи Арафот зери ҳавои кушод монданд. Чизҳои онҳоро аз хаймаҳо берун партофта буданд. Навори видео доир ба чӣ гуна чизҳояшонро ҷустуҷӯ кардани зойирини тоҷикро Абдуллоҳи Низом мунташир кардааст. Котиби матбуотии Кумитаи дин Афшин Муқим ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар мавриди ҷойгиркунии зойирин […]

Asia-Plus

Даҳҳо нафар зойирин аз Истаравшану Панҷакент баъди бозгашт аз кӯҳи Арафот зери ҳавои кушод монданд. Чизҳои онҳоро аз хаймаҳо берун партофта буданд.

Навори видео доир ба чӣ гуна чизҳояшонро ҷустуҷӯ кардани зойирини тоҷикро Абдуллоҳи Низом мунташир кардааст.

Котиби матбуотии Кумитаи дин Афшин Муқим ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар мавриди ҷойгиркунии зойирин бесарусомонӣ рух додааст. «Ширкати масъул ба ҷойгиркунии зойирини Арабистони Саудӣ дар муайян кардани хаймаҳои зойирини тоҷику ӯзбек ба иштибоҳ роҳ дода, хоҷиёни моро дар хаймае ҷой додаанд, ки дар он бояд шаҳрвандони Ӯзбекистон ҷой мегирифтанд. Масъалаи ҷойгиркунии шаҳрвандони мо базудӣ ҳал шуд», – гуфт намояндаи Кумита.

Дар ҳамин ҳол, бори аввал нест, ки зойирини тоҷик дар мавриди ҷойгиршавиашон шикоят мекунанд. Онҳо мегӯянд, маъмулан меҳмонхонаҳое, ки дар онҳо шаҳрвандони мо иқомат мекунанд, дар ҷойи дур ва нобоб ҷойгир шудаанд. Бархе аз хизматрасонии роҳбаладон низ норозигӣ изҳор мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.