79 млн. доллари Чин барои таҷдиди хати баландшиддати интиқоли барқ дар Тоҷикистон

Дар шаҳри Пекин дар ҳузури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими имзои Созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки содиротию воридотии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҷудо намудани қарзи имтиёзнок ба маблағи 79 миллион доллари амрикоӣ барои татбиқи лоиҳаи таҷдиди хати баландшиддати интиқоли нерӯи барқи 500 киловолтаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти […]

Дар шаҳри Пекин дар ҳузури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими имзои Созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки содиротию воридотии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҷудо намудани қарзи имтиёзнок ба маблағи 79 миллион доллари амрикоӣ барои татбиқи лоиҳаи таҷдиди хати баландшиддати интиқоли нерӯи барқи 500 киловолтаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, созишномаро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири молия Абдусалом Қурбониён ва аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин Ноиби Президенти Бонки содиротию воридотии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сун Пинг имзо карданд.

Ҳамчунин дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Пекин маросими имзои як қатор созишномаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистон ва Чин баргузор гардид.

Аз ҷумла, Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва техника байни Донишгоҳи аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемур ва Донишкадаи илмӣ-тадқиқотии Академияи кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин;

Ёддошти тафоҳум байни Донишгоҳи аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемур ва Академияи кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин;

Ёддошти тафоҳум байни Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи миллии ҳастаии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои ҳастаӣ бо мақсади осоишта;

Ёддошти тафоҳум байни Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии рушди авиатсионии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди коркарди системаҳои бесарнишини ҳавоӣ, барои мақсадҳои гуногун;

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ширкати “Ғаюр Саноат” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Синхуа Тиен Чен”

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ширкати “Ғаюр” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Джинно гласс серамик групп”;

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ширкати “ТАЛКО”- и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати Юнан;

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ширкати “ТАЛКО” ва Ширкати сохтмони роҳу пулҳои Чин (Чайна Роуд энд Бриҷ Корпорэйшн)

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ширкати “ТАЛКО” ва Ширкати сармоягузории Ширкати Ҷенерал Найс Инвестмент.

Бо итминон гуфта метавонем, ки баъди имзои чунин санадҳои муҳими ҳамкорӣ тавассути бунёди коргоҳҳои муштараки саноатӣ,  маблағҳои зиёди сармояи ширкатҳои чинӣ ба иқтисодиёти кишвари мо ворид гардида, дар таъсиси ҷойҳои корӣ, истифодаи неъматҳои модии кишвар, рушди бахшҳои гуногун ва беҳдошти сатҳи иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз санадҳои меъёрию ҳуқуқии ҳамкории дуҷониба наздики 200 санадро ташкил медод ва он бахшҳои муҳимро дар бар мегирифт.

Дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳури Мардумии Чин дар маҷмуъ 24 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.