Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар қароргоҳи СҲШ

Дар қароргоҳи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Пекин Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон доир гардид. Аз номи Президенти Тоҷикистон меҳмононро вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикмауллозода шодбош гуфт. Ӯ қайд кард, ки «баргузории Рӯзҳои фарҳанг дар қароргоҳи СҲШ ба густариши муколамаи тамаддунҳо ва таҳкими ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни халқҳои «оилаи СҲШ» мусоидат […]

Дар қароргоҳи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Пекин Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон доир гардид.

Аз номи Президенти Тоҷикистон меҳмононро вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикмауллозода шодбош гуфт. Ӯ қайд кард, ки «баргузории Рӯзҳои фарҳанг дар қароргоҳи СҲШ ба густариши муколамаи тамаддунҳо ва таҳкими ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни халқҳои «оилаи СҲШ» мусоидат мекунад».

Муовини аввали Раиси Ҷамъиятӣ дӯстӣ бо кишварҳои хориҷии Чин Син Чи меҳмонони чорабиниро табрик намуда, изҳор дошт, ки «Чину Тоҷикистон, ки ҳамсояҳои наздику дӯст мебошанд ва ба ҳамдигар эътимоди зиёд доранд».

Дар чаҳорчӯби чорабинии мазкур намоишгоҳи асарҳои рассомони ҳарду кишвар ва консерти ҳунармандони тоҷик баргузор шуд. Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон ба санаи рамзӣ – 25-солагии роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Чин бахшида шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.