Дархост аз кишварҳои БРИКС ҷиҳати сармоягузорӣ ба рушди бахши гидроэнергетика

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар шаҳри Сямени Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС иштирок ва суханронӣ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар кори он ҳамчунин Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Бразилия Мишел Темер, Президенти Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума, Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ, Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сиси, Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Мексика Энрике Пеня Нето, Президенти Гвинея Алфа Конде ва Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Прают Чан-Оча иштирок кардаанд.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ изҳор дошт, ки дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳони муосир ҳар лаҳза ба зуҳуроти номатлуби нав рӯ ба рӯ мегардад, баргузории чунин муколамаҳои сатҳи баланд аҳамияти бузургу муҳим доранд.

Президенти Тоҷикистон зарурияти татбиқи дастаҷамъонаи Барномаи нави дастрасӣ ба рушди устуворро, ки аз ҷониби СММ дар соли 2015 тасдиқ гардидааст, таъкид намуда, қайд кард, ки иқдомҳои муштараки давлатҳои ҷаҳон дар роҳи амалӣ шудани ин барнома ба нафъи насли оянда мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки давлатҳои рушкунанда, аз ҷумла Тоҷикистон барои азхуднамоии ин барномаи нав дар шароити арзанда талош намуда, Ҳукумати мамлакат барои ҳалли саривақтии мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ тадбирҳои бетаъхир меандешад.

Президенти Тоҷикистон аз иштирокчиёни чорабинии сатҳи баланд даъват ба амал овард, ки ба масъалаи афзоиш додани кӯмакҳои расмӣ барои рушд, таҳкими иқтидорҳои тиҷоратию сармоягузорӣ, дастрасӣ ба энергияи боэътимод тавассути сармоягузорӣ ба соҳаи гидроэнергетика ва афзун намудани истеҳсоли энергияи аз лиҳози экологӣ тозаю барқароршаванда ё худ «энергияи сабз»  аҳамияти зарурӣ диҳанд.

Ҳамчунин Сарвари давлати Тоҷикистон таваҷҷуҳи иштирокчиёни нишасти БРИКС-ро ба мушкилоти дигари байналмилалӣ-тағйирёбии иқлим, ки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ оқибатҳои ногувор дорад, ҷалб намуд ва таъкид бар он дошт, ки агар шарикии давлатҳо дар пешгирии ин ҳолати ногувор тақвият бахшида шавад ба даст овардани нишондиҳандаҳои баланди дастрасӣ ба рушди устувор имконпазир мегардад.

Қобили зикр аст, ки имрӯз дар Чин нишасти сарони кишварҳои БРИКС (гурӯҳи иборат аз 5 кишвар: Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ) ҷараён дорад. Ба нишаст ҳамчунин ҳайати 5 кишвари рушдкунанда – Миср, Тоҷикистон, Мексика, Гвинея ва Таиланд низ даъват шудаанд.

Хабаргузории ТАСС менависад, дар нишаст қайд шудааст, ки Чин баҳри дастгирии иқтисоди кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта тариқи “Фонди мусоидат ба ҳамкории Ҷануб-Ҷануб” 500 млн. доллар ва барои омӯзиши кадрҳои миллӣ 40 ҳазор ҷой ҷудо мекунад.

“Ман эълон карданиам, ки Чин ба “Фонди мусоидат ба ҳамкории Ҷануб-Ҷануб” 500 млн. доллар ҷудо карда, ин маблағ барои кумак ба кишварҳои рушдкунанда дар ҳалли масоил дар бахши кишоварзӣ, гурезагон, тағйирёбии иқлим, тандурустӣ ва ғайра истифода хоҳад шуд”, – гуфтааст раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.