Футболбозони навраси тоҷик мусобиқаи Ҷоми президенти Қазоқистонро бо пирӯзӣ оғоз карданд

Мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дидори аввали худро дар мусобиқаи Ҷоми президенти Қазоқистон бо пирӯзӣ анҷом дод. Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», футболбозони тоҷик ба дарвозаи дастаи Қазоқистон-2 шаш голи беҷавоб заданд. Тӯбҳоро Ҷонибек Шарипов, Рустам Соиров (2 голӣ), Эмомалӣ Аҳмадхон ва Ислом Зоиров ба ҳадаф расонданд. Гуфта мешавад, нимаи имрӯз (соати […]

Хабаргузории «Озодагон»

Мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дидори аввали худро дар мусобиқаи Ҷоми президенти Қазоқистон бо пирӯзӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», футболбозони тоҷик ба дарвозаи дастаи Қазоқистон-2 шаш голи беҷавоб заданд. Тӯбҳоро Ҷонибек Шарипов, Рустам Соиров (2 голӣ), Эмомалӣ Аҳмадхон ва Ислом Зоиров ба ҳадаф расонданд.

Гуфта мешавад, нимаи имрӯз (соати 13:00 ба вақти Душанбе мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолонашон аз Ӯзбекистон қувва меозмоянд.

Дар мусобиқаи Ҷоми президенти Қазоқистон 8 даста дар ду гурӯҳ бо ҳам рақобат карда, ғолибони гурӯҳ дар бозии финалӣ қувваозмоӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки ин мусобиқа барои мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон як марҳилаи омодагӣ ба даври интихобии Чемпионати Осиё-2018 мебошад, ки аз 16 то 24 сентябр дар Ҳисор баргузор мешавад. Дар ин даври интихобӣ ҳарифони тими Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби Уммон, Сурия, Туркманистон ва Малдив мебошанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.