Тошканд бори нахуст қурби сӯмро нисбати сомонӣ эълон кард

Asia-Plus, Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Бонки марказии Ӯзбекистон (БМӮ) бори нахуст дар таърихи худ қурби сӯми ӯзбекиро нисбати арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ эълон кард.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии БМӮ, қурби табодули як сомонии Тоҷикистон 920,45 сӯми ӯзбекӣ муқаррар шудааст.

Ҳамчунин Бонки марказии ин кишвар қурби сӯми ӯзбекӣ нисбати арзи миллии кишварҳои Осиёи Марказиро низ муайян кардааст, ки тариқи зайл аст: 1 тангаи Қазоқистон – 23,9; 1 соми Қирғизистон – 117,68 ва 1 манати Туркманистон – 2320,92 сӯми Ӯзбекистон.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, БМӮ қурби як доллари амрикоиро сар аз 5 сентябр дар баробари пули миллии ин кишвар 8 ҳазору 100 сӯм муайян кард, ки нисбат ба қурби ҳафтаи ахир (4210,35 сӯм) 3 ҳазору 889,65 сӯм бештар аст.

"Бар пояи таҳлили омилҳои муайянкунандаи қурби асъор барои солҳои 2003-2017 ва бо назардошти натоиҷи муомилоти санҷишии бонкҳо бо асъори хориҷӣ қурби як доллари амрикоӣ дар кишвар 8000-8150 сӯм муайян карда шуд", – омадааст дар иттилоияи БМӮ.

Бонки миллии Ӯзбекистон арзиши сӯмро дар баробари асъори хориҷии дигар низ поин бурдааст. Қурби як евро 9645,48 сӯм муайян шудааст, ки нисбат ба қурби ҳафтаи гузашта 4678,601 сӯм зиёд аст. Арзиши як рубли русӣ то ба 139,91 сӯм боло бурда шудааст.

"Бонки миллӣ минбаъд ҳар рӯзи душанбе қурби миёнаи асъори хориҷиро муайян мекунад, ки барои умури ҳисобдорӣ, гузоришҳои оморӣ ва муомилоти асъори хориҷӣ, пардохтҳои гумрукию боҷҳои ҳатмии дигар дар ҳудуди Ӯзбекистон истифода хоҳад шуд", – афзудааст БМӮ.

Қурби сӯм баъди ба имзо расидани фармони президенти Ӯзбекистон "Дар бораи чораҳои аввалия барои озодсозии сиёсати пулӣ" аз 2 сентябр якбора поин бурда шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.