Пешниҳоди соати 9-и субҳ оғоз шудани дарсҳо дар мактабҳои олӣ ва коллеҷҳои пойтахт

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо пешниҳоди тағйири вақти оғози дарсҳо дар мактабҳои олӣ ва муассисаҳои касбӣ-техникии пойтахт ба ҳукумати ҷумҳурӣ муроҷиат карданист. Ин дафъа оғози дарсҳо соати 9-и субҳ пешниҳод мешавад. Дар мақомоти шаҳрдории пойтахт ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ доданд, ки айни замон доир ба ин масъала ба унвони Вазорати маориф ва […]

Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо пешниҳоди тағйири вақти оғози дарсҳо дар мактабҳои олӣ ва муассисаҳои касбӣ-техникии пойтахт ба ҳукумати ҷумҳурӣ муроҷиат карданист. Ин дафъа оғози дарсҳо соати 9-и субҳ пешниҳод мешавад.

Дар мақомоти шаҳрдории пойтахт ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ доданд, ки айни замон доир ба ин масъала ба унвони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон нома таҳия мешавад.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи августи соли равон Вазорати маориф вақти оғози дарсҳоро аз соати 7:30-и субҳ ба соати 8:00 тағйир дод.

Оғози дарсҳо соати 7:30-и субҳ дар замони сари мансаб будани собиқ раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев муқаррар шуда,сабаби онро субҳгоҳон аз сарбории хеле зиёд озод кардани нақлиёти ҷамъиятии шаҳр унвон карда буданд.

Ба иттилои манбаъ дар мақомоти шаҳрдорӣ, баъди ба соати 8:00 тағйир додани вақти оғози дарсҳо, мардум дубора ба мушкилот дар истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ дучор шуданд, зеро коргарону донишҷӯён дар як вақт ба кору дарс мераванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.