АНОНС
– Дар машқгоҳи «Ашулук»-и вилояти Астрахани Русия тамринҳои нерӯҳои дифои зиддиҳавоӣ таҳти унвони «Боевое содружество-2017» хотима меёбанд. Дар он хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Арманистон ва Беларус иштирок доранд.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 8.8097 сомонӣ;
1 евро – 10.5479 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1514 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Рӯзи байнулмилалии саводнокӣ.
Рӯзи байнулмилалии ҳамраъйии рӯзноманигорон.
2001 – Дар Душанбе бар асари амали террористӣ вазири фарҳанги ҶТ Абдураҳим Раҳимов ба ҳалокат расид.
2006 — Дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ нерӯгоҳи оби барқии «Пшихарв» ба истифода дода шуд.
2006 — Дар Душанбе Ҳамоиши VI тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон баргузор шуд.
2009 — Ба сохтмони нахустин Маркази барқу гармидиҳӣ дар Тоҷикистон дар маҳаллаи Лучоби Душанбе бо истифода аз ангишт ба сифати сӯзишворӣ санги асос гузошта шуд.
1912-1984 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Николай Лепник-Мировский.
1944 – Мавлуди муаррих Ғолиб Ғолибов.
1959 – Зодрӯзи оҳангсоз ва сарояндаи эстрада Далер Назаров.
1959 – Мавлуди журналист Абдулҷон Ҳасанов.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +33+38; дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +22+27.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +34+39; дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +28+33.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.
Ҳарорат: дар ғарб шабона +9+14, рӯзона +27+32; дар шарқ шабона -2+3, рӯзона +13+18.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +33+38; дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +27+32.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +35+37.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +35+37.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +35+37.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +30+32.


