Дарёфти ҷасади кӯдаки тоҷикистонӣ дар яке аз манзилҳои Маскав

Ҷасади кӯдак баъди ба мақомоти пулис расидани маълумот аз кормандони ёрии таъҷилии тиббӣ дарёфт шудааст. Бино ба маълумоти шабакаи телевизионии “360”, дар яке аз манзилҳои минтақаи шарқи Маскав ҷасади хонандаи синфи 2-юм, зодаи Тоҷикистон пайдо шудааст. Гуфта мешавад, ки кормандони пулис ба ин манзил омада, дар бадани кӯдаки фавтида аломатҳои марги маҷбуриро дарёфт накардаанд. Кӯдак […]

Ҷасади кӯдак баъди ба мақомоти пулис расидани маълумот аз кормандони ёрии таъҷилии тиббӣ дарёфт шудааст.

Бино ба маълумоти шабакаи телевизионии “360”, дар яке аз манзилҳои минтақаи шарқи Маскав ҷасади хонандаи синфи 2-юм, зодаи Тоҷикистон пайдо шудааст.

Гуфта мешавад, ки кормандони пулис ба ин манзил омада, дар бадани кӯдаки фавтида аломатҳои марги маҷбуриро дарёфт накардаанд. Кӯдак ва модари бекори ӯ зодаи Тоҷикистон буда, дар Маскав иқомат доштаанд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, кӯдак бар асари бемории сироятӣ фавтида, лекин доир ба маҳз аз кадом навъи чунин беморӣ даргузаштани кӯдак маълумот дода намешавад. Ин ҳодиса мавриди санҷишу таҳқиқ қарор дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.