Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар машқгоҳи «Ашулук»-и вилояти Астрахани Русия тамринҳои нерӯҳои дифои зиддиҳавоӣ таҳти унвони «Боевое содружество-2017» хотима меёбанд. Дар он хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Арманистон ва Беларус иштирок доранд. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА –  8.8097 […]

АНОНС

– Дар машқгоҳи «Ашулук»-и вилояти Астрахани Русия тамринҳои нерӯҳои дифои зиддиҳавоӣ таҳти унвони «Боевое содружество-2017» хотима меёбанд. Дар он хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Арманистон ва Беларус иштирок доранд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8097 сомонӣ;

1 евро – 10.5479 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1514 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи байнулмилалии саводнокӣ.

Рӯзи байнулмилалии ҳамраъйии рӯзноманигорон.

2001 – Дар Душанбе бар асари амали террористӣ вазири фарҳанги ҶТ Абдураҳим Раҳимов ба ҳалокат расид.

2006 — Дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ нерӯгоҳи оби барқии «Пшихарв» ба истифода дода шуд.

2006 — Дар Душанбе Ҳамоиши VI тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон баргузор шуд.

2009 — Ба сохтмони нахустин Маркази барқу гармидиҳӣ дар Тоҷикистон дар маҳаллаи Лучоби Душанбе бо истифода аз ангишт ба сифати сӯзишворӣ санги асос гузошта шуд.

1912-1984 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Николай Лепник-Мировский.

1944 – Мавлуди муаррих Ғолиб Ғолибов.

1959 – Зодрӯзи оҳангсоз ва сарояндаи эстрада Далер Назаров.

1959 – Мавлуди журналист Абдулҷон Ҳасанов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +33+38; дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +22+27.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +34+39; дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +28+33.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +9+14, рӯзона +27+32; дар шарқ шабона -2+3, рӯзона +13+18.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +33+38; дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +27+32. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +35+37.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +35+37.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +35+37.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +30+32.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.