«Русгидро» Қирғизистонро ба маҳкама кашиданист

Ширкати "Русгидро"-и Русия омода аст, дар робита ба неругоҳи Норони Болоӣ Қирғизистонро ба додгоҳ кашад. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Николай Шулгинов, раиси ширкат дар ҳошияи Анҷумани иқтисодии Шарқ ба рӯзноманигорон дар ин робита гуфтааст, "ният дорем, як мушовири байналхалқӣ дар умури додгоҳи байналмилалӣ пайдо кунем". Соли 2016 Қирғизистон созишномаи муштарак бо […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Ширкати "Русгидро"-и Русия омода аст, дар робита ба неругоҳи Норони Болоӣ Қирғизистонро ба додгоҳ кашад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Николай Шулгинов, раиси ширкат дар ҳошияи Анҷумани иқтисодии Шарқ ба рӯзноманигорон дар ин робита гуфтааст, "ният дорем, як мушовири байналхалқӣ дар умури додгоҳи байналмилалӣ пайдо кунем".

Соли 2016 Қирғизистон созишномаи муштарак бо Русияро дар бораи сохтмони неругоҳи Норини Болоӣ ва Қамбарота-1 якҷониба бекор кард. Тибқи созишнома, сохтмони неругоҳҳоро ширкати "Русгидро" дар якҷоягӣ бо ширкатҳои қирғизӣ бояд анҷом медод.

Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев моҳи июли соли ҷорӣ гуфт, ки аз лағви созишнома бо Русия таассуф намехӯрад, зеро "ширкатҳои русӣ ният надоштанд, сохтмони силсила неругоҳҳои Норини Болоиро ба охир расонанд ва бунёди Қамбарота-1-ро оғоз кунанд".

"Русгидро" ин айбҳоро бепоя хонд. Ширкат гуфт, ки қатъиян дар доираи қонун амал мекунад ва дар сурати ба созиш нарасидан, ҳақ дорад ба додгоҳи байналхалқӣ муроҷиат ва ҷуброн талаб кунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.