Аввалин гурӯҳи зойирини тоҷик рӯзи 11 сентябр ба ватан бармегардад

Нахустин гурӯҳи зойирини тоҷик иборат аз 187 нафар тариқи ҳавопаймои Boeing 737-800-и ширкати «Сомон Эйр» соати 07:30 дақиқаи рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда ба Душанбе бармегарданд. Котиби матбуотии Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон Афшин Муқим ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки шурӯъ аз 11 сентябр то 25 […]

Нахустин гурӯҳи зойирини тоҷик иборат аз 187 нафар тариқи ҳавопаймои Boeing 737-800-и ширкати «Сомон Эйр» соати 07:30 дақиқаи рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда ба Душанбе бармегарданд.

Котиби матбуотии Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон Афшин Муқим ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки шурӯъ аз 11 сентябр то 25 сентябр ҳамарӯза ҷиҳати ба ватан овардани ҳоҷиёни тоҷикистонӣ як парвоз анҷом дода мешавад.

Мувофиқи созишҳои ҳосилшуда миёни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, имсол ду ширкати ҳавопаймоии ҳарду давлат – “Сомон Эйр” ва Flynas ба ҳаҷравандагон хизматгузорӣ мекунанд.

Арзиши ҳаҷ барои тоҷикистониён имсол 32 ҳазору 671 сомонӣ (тибқи қурби ҳозира – беш аз 3 ҳазору 630 доллар)-ро ташкил дода, шумори квотаҳо ба Тоҷикистон барои адои маросими ҳаҷ бетағйир – 6,3 ҳазор нафар боқӣ монд.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар Тоҷикистон дар бораи ба квотаи ҳаҷ дохил накардани шахсони синни аз 40-сола поин қарор қабул шуда, Кумитаи дин бо ин васила масъалаи навбати хеле зиёди хоҳишмандони адои маросими ҳаҷро ҳаллу фасл карданист.

Муддати чандин сол Арабистони Саудӣ шумори квотаҳои ҳаҷ барои кишварҳои мусалмонӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро 20% кам мекунад ва бисёре аз шахсони калонсол аз имкони адои маросими ҳаҷ маҳрум мешаванд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.