Коршиносони БАОР: Тоҷикистон алҳол ғайри ангишт илоҷи дигаре надорад…

Барои Тоҷикистон ангишти дар кишвар истихроҷмешуда ашёи хоми энергетикие мебошад, ки ивази пурраи он ояндаи наздик душвор аст. Чунин аст хулосаи коршиносони Бони авруосиёии рушд (БАОР). Дар гузориши яке аз раёсатҳои БАОР таҳти унвони “Саноати истихроҷи ангишт дар кишварҳои узви БАОР” дар ин робита қайд мешавад, ки шурӯъ аз соли 2012 дар партави коҳиш ва […]

Барои Тоҷикистон ангишти дар кишвар истихроҷмешуда ашёи хоми энергетикие мебошад, ки ивази пурраи он ояндаи наздик душвор аст. Чунин аст хулосаи коршиносони Бони авруосиёии рушд (БАОР).

Дар гузориши яке аз раёсатҳои БАОР таҳти унвони “Саноати истихроҷи ангишт дар кишварҳои узви БАОР” дар ин робита қайд мешавад, ки шурӯъ аз соли 2012 дар партави коҳиш ва билохира қатъи интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон, Тоҷикистон коркарди захираҳои дохилии ангиштро ба таври қобили мулоҳиза зиёд кард.

Гуфта мешавад, суръати афзоиши истихроҷи солона ба ҳисоби миёна давоми солҳои 2012-2016 тақрибан 44% ва дар нимсолаи аввали соли равон ин нишондиҳанда 20,6% (то 541 ҳазор тонна)-ро ташкил дода, минбаъд ҳукумат баҳри таъмини натанҳо алаботи дохилӣ, балки содироти ангишт ба хориҷи кишвар, иқтидорҳои истеҳсолиро дар ин самт афзоиш доданист.

Коршиносон ба хулоса расидаанд, ки дар Тоҷикистон ҳамчун яке аз кишварҳои узви БАОР бахши саноати истихроҷи ангишт минбаъд низ рушд хоҳад кард.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2016 дар Тоҷикистон ҳаҷми рекордии 1,4 млн. тонна ва нимолсаи аввали соли ҷорӣ 540 ҳазор тонна (100 ҳазор тонна бештар нисбат ба 6 моҳи соли 2016) ангишт истихроҷ шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, айни замон зиёда аз 200 корхонаҳои истеҳсолии кишвар ба сифати сӯзишворӣ аз ангишт истифода мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, экологҳои тоҷик аз сол то сол зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли ангишт нигаронӣ изҳор намуда, бар ин назаранд, ки он ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонад.

Шурӯъ аз 1 марти соли 2013 содироти ангишт аз Тоҷикистон манъ шуд. Ба ин васила ҳукумати ҷумҳурӣ вобастагии кишварро аз воридоти сӯзишворӣ камтар ва истифодаи онро пурсамар карданист. Баҳори соли 2012 қонун «Дар бораи ангишт» қабул шуд, ки ба ҷалби сармоягузории нав ба ин бахш нигаронида шудааст.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.