Ширкати «Сомон Эйр» ба узвияти IATA пазируфта шуд

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» нахустин шуда дар Тоҷикистон ва сеюмин дар минтақаи Осиёи Марказӣ сертификати узвияти IATA – Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоиро гирифт. Сертификати мазкур барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи октябри соли 2016 муваффақона аз аудити ИКАО гузаштааст, дастгирии воқеӣ мебошад. Томас В. Ҳаллам II, Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар робита бо ин […]

Маркази матбуотии ширкати «Сомон Эйр»

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» нахустин шуда дар Тоҷикистон ва сеюмин дар минтақаи Осиёи Марказӣ сертификати узвияти IATA – Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоиро гирифт.

Сертификати мазкур барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи октябри соли 2016 муваффақона аз аудити ИКАО гузаштааст, дастгирии воқеӣ мебошад.

Томас В. Ҳаллам II, Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар робита бо ин рӯйдоди муҳим изҳор доштааст:

«Мо бо ин дастоварди деринтизорамон мефахрем. Узвият дар IATA марҳалаи навест дар таърихи музаффариятҳои ширкати «Сомон Эйр» ва куллан Авиатсияи граждании Тоҷикистон. Узвият дар ин ассотсиатсияи бонуфузи байналмилалӣ бешак ба тақвияти мавқеи ширкати ҳавопаймоии мо ҳамчун интиқолдиҳандаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидат намуда барои истифодаи таҷрибаи интиқолдиҳандагони ҳавоии пешбар, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва намудҳои нави хизматрасони, ҳамзамон баланд бардоштани стандартҳои фаъолияти оперативӣ ва осон кардани тартиби бастани созишномаҳо имконият фароҳам меорад ва дар ниҳоят афзалиятҳои ҷиддии рақобат ва кам кардани хароҷотро пешбинӣ менамояд».

Яке аз бартариятҳои асосии узвияти ширкати «Сомон Эйр» дар IATA – имкони бастани қарордодҳои интерлайн ва код-шеринг бо интиқолдиҳандагони ҳавоии пешбари байналмилалӣ хоҳад буд. Ин ба ширкат интиқоли мусофирон ва бағоҷро ба тамоми самтҳои зарурии берун аз доираи хатсайрҳои «Сомон Эйр» имкон медиҳад.

Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ IATA – ассотсиатсияи ихтисосии ширкатҳои ҳавопаймоии иҷрокунандаи хатсайрҳои байналмилалӣ буда, вазифаи ҳамоҳангсозӣ ва намояндагии манфиатҳои соҳаи нақлиёти ҳавоиро дар бахшҳои таъмини бехатарии парвозҳо, иҷрои парвозҳо, хизматрасонии техникӣ, бехатарии авиатсионӣ ва тарҳрезии стандартҳои байналмилалӣ анҷом медиҳад. Айни замон 275 ширкати ҳавопаймоӣ аз 119 давлати ҷаҳон аъзои IATA мебошанд.

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» феълан парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия ва Қазоқистон бомуваффақият иҷро мекунад. Пойгоҳи ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.