Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 32 муассисаи нави таълимӣ сохта мешавад

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафар ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 иштирок кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ назди фаъолону аҳли ҷомеаи ноҳияи Сарвари давлат қайд кард, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар доираи дастгириҳои давлатӣ дар қаламрави ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 34 бинои нав ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 8000 нафар хонанда бо харҷи 33 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст ва ҳоло сохтмони 5 муассисаи таълимӣ ва 19 синфхонаи иловагӣ барои 3000 ҷойи нишаст идома дорад.

«Муассисаи таълимии навбунёди имрӯза, яъне мактаби рақами 1, ки  барои 760 ҷойи нишаст дар ду баст бо тамоми шароити муосир ва ба маблағи 16 миллион сомонӣ бунёд гардидааст, гувоҳи ғамхории давлат нисбат ба наслҳои навраси Ватан мебошад», – гуфт ӯ.

Қайд гардид, ки илова бар ин, дар доираи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021, яъне дар панҷ соли оянда дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бунёди 32 муассисаи нави таълимӣ ба маблағи 47 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Зимнан таъкид шуд, ки соли гузашта беш аз 50 фоизи хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумии ноҳия ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии касбӣ дохил шудаанд, ки ин нишондиҳандаи хуб ва натиҷаи заҳмати аҳли маориф, инчунин, падару модарон мебошад.

Президенти мамлакат зикр кард, ки омӯзгорон ва масъулони соҳаи маорифи ноҳияро зарур аст, ки дар ин самт фаъолияти худро боз ҳам тақвият бахшида, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи хонандагон дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ тадбирҳои муассир андешанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...