Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Намояндагони Тоҷикистон дар тамринҳои зидди маводи нашъаовари Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки дар вилояти Маскав баргузор мегардад, иштирок мекунанд; – Дар Нижний Новгород Нишасти IV байнулмилалии тиҷоратӣ ба кор шурӯъ мекунад, ки дар он намояндагони 18 кишвари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон низ ширкат меварзанд; – Дар Минск Фестивали ҳафтуми байнулмилалии телевизионии «ТЭФИ-Содружество» оғоз […]

АНОНС

– Намояндагони Тоҷикистон дар тамринҳои зидди маводи нашъаовари Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки дар вилояти Маскав баргузор мегардад, иштирок мекунанд;

– Дар Нижний Новгород Нишасти IV байнулмилалии тиҷоратӣ ба кор шурӯъ мекунад, ки дар он намояндагони 18 кишвари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон низ ширкат меварзанд;

– Дар Минск Фестивали ҳафтуми байнулмилалии телевизионии «ТЭФИ-Содружество» оғоз мегардад, ки ба он 20 кори 19 ширкати телевизионии 12 кишвари узви ИДМ ва кишварҳои хориҷи наздик пешниҳод шудаанд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8038 сомонӣ;

1 евро – 10.5496 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1494 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1989 — Таъсиси ҳаракати ҷамъиятии «Растохез»

2006 — Бонки давлатии Чин барои рушди бахши кишоварзии Тоҷикистон дар ҳаҷми 10 млн. доллари ИМА қарз ҷудо кард.

1977 – Зодрӯзи олими соҳаи тиб, ҷарроҳ Музаффар Набиев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +29+34; дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +19+24.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +31+36; дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +26+31.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +8+13, рӯзона +24+29; дар шарқ шабона -4+1, рӯзона +11+16.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +31+36; дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +25+30. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +33+35.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +30+32.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +32+34.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат дар назар аст

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +27+29.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.