ВАО: зодаи Тоҷикистон ҳамсарашро пеши чашмони роҳгузар кушт

Рӯзи 12 сентябр дар шаҳри Маскав ҷасади ҷавонзане дарёфт шуд. Дар ҷисми ӯ осори тозаи захмҳои буридаву шикаста ба мушоҳида мерасиданд, ки бар асари онҳо ҷавонзан дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида буд. Шабакаи телевизионии «360» иттилоъ дод, ки ҷавонзани кушташуда мавриди рашки ҳамсараш қарор гирифта, мард ба ҷисми зан бо корд дастикам 10 зарба […]

Рӯзи 12 сентябр дар шаҳри Маскав ҷасади ҷавонзане дарёфт шуд. Дар ҷисми ӯ осори тозаи захмҳои буридаву шикаста ба мушоҳида мерасиданд, ки бар асари онҳо ҷавонзан дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида буд.

Шабакаи телевизионии «360» иттилоъ дод, ки ҷавонзани кушташуда мавриди рашки ҳамсараш қарор гирифта, мард ба ҷисми зан бо корд дастикам 10 зарба задааст.

Дар маълумотҳои аввал қайд мешуд, ки ин оила аз Қирғизистон ба Маскав омадааст, аммо баъдтар ВАО хабар доданд, ки онҳо зодагони Тоҷикистон мебошанд.

Тибқи маълумоти АКИpress, корманди сафорати Қирғизистон дар Маскав бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи маҳаллӣ ва хешовандони марҳум дар тамос шуда, онҳо тасдиқ кардаанд, ки ҷавонзан ва ҳамсари ба куштор гумонбаршудаи ӯ шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Дар сафорат илова кардаанд, ки ин оила охирин бор тариқи Қирғизистон ба Маскав омадаанд. Ному насаби ҷавонзани кушташуда ва ҳамсари ба ин куштор гумонбари ӯ ифшо намешавад.

Лаҳзаи кушторро камераҳои видеоӣ сабт кардаанд. Наворро паблик HUE нашр кардааст. Дар навор дида мешавад, ки куштор пеши чашмони роҳгузаре ба вуқӯъ пайваста, ӯ ба ин амал аҳамият намедиҳад ва бепарво аз назди онҳо мегузарад. Қотил ҳамсари ба хуни оғӯштаашро партофта, аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.