Мусодираи 2,5 тонна мухаддирот дар амалиёти «Кӯкнор-2017»

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои марҳилаи аввали амалиёти «Кӯкнор-2017» машварат доир гардид. Сардори Маркази матбуоти Агентӣ Хушнуд Раҳматуллоев ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки ба марҳилаи аввали амалиёт (20 май – 30 август) кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ ва намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии тамоми шаҳру навоҳӣ […]

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои марҳилаи аввали амалиёти «Кӯкнор-2017» машварат доир гардид.

Сардори Маркази матбуоти Агентӣ Хушнуд Раҳматуллоев ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки ба марҳилаи аввали амалиёт (20 май – 30 август) кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ ва намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии тамоми шаҳру навоҳӣ сафарбар карда шуданд.

Дар машварат қайд шудааст, ки дар ҷараёни марҳилаи аввали амалиёт 410 далели муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор гардида, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 2 тоннаву 542,6 кило маводи нашъаовар ва 4,7 ҳазор дона ҳабҳои синтетикиро мусодира карданд. Ғайр аз ин, 1,3 млн. бех ниҳоли бангдонаи худрӯй низ ошкор ва сӯзонида шудааст.

Ба иттилои манбаъ, бо мақсади пешгирии нашъамандӣ нақшаи тадбирҳои муштарак таҳия гардида, байни аҳолӣ чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ, варзишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки марҳилаи дуюми амалиёти «Кӯкнор-2017» то охири моҳи ноябр идома меёбад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.