Болоравии нархи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши Душанбе

Арзиши гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт давоми ҳафтаи охир 9% – аз 3,5 то ба 3,8 сомонӣ барои 1 литр боло рафт. Ширкатҳои воридкунандаи гази моеъ мегӯянд, аз 1 июл нархҳои яклухт ба ин навъи сӯзишворӣ дар Қазоқистон 22% – аз 82 то ба 101 доллар афзуда, мутаносибан арзиши чаканаи гази моеъ дар […]

Арзиши гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт давоми ҳафтаи охир 9% – аз 3,5 то ба 3,8 сомонӣ барои 1 литр боло рафт.

Ширкатҳои воридкунандаи гази моеъ мегӯянд, аз 1 июл нархҳои яклухт ба ин навъи сӯзишворӣ дар Қазоқистон 22% – аз 82 то ба 101 доллар афзуда, мутаносибан арзиши чаканаи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши Тоҷикистон низ зиёд шуд.

Ба воридоти ин навъи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон 66 ширкат машғуланд. Соли гузашта ба Тоҷикистон 350 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст, ки нисбат ба соли 2015 ба миқдори қариб 10 ҳазор тонна зиёдтар мебошад.

Беш аз 70%-и ин навъи сӯзишворӣ аз Қазоқистон ворид шуда, ҳамчунин ба миқдори начандон зиёд гази моеъ аз Русия, Туркманистон ва Қирғизистон низ интиқол мегардад.

Қобили зикр аст, ки тайи чор соли ахир ҳаҷми воридоти гази моеъ ба ҷумҳурӣ 3,3 маротиба – аз 82 ҳазор тонна дар соли 2012 то ба 350 ҳазор тонна дар соли 2016 афзуд.

Давоми соли охир бошад, ҳиссаи воситаҳои нақлиёте, ки ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд, аз 40% то ба 60% боло рафт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.