Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 32 муассисаи нави таълимӣ сохта мешавад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафар ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 иштирок кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ назди фаъолону аҳли ҷомеаи ноҳияи Сарвари давлат қайд кард, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар доираи дастгириҳои давлатӣ дар қаламрави ноҳияи Шамсиддини […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафар ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 иштирок кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ назди фаъолону аҳли ҷомеаи ноҳияи Сарвари давлат қайд кард, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар доираи дастгириҳои давлатӣ дар қаламрави ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 34 бинои нав ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 8000 нафар хонанда бо харҷи 33 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст ва ҳоло сохтмони 5 муассисаи таълимӣ ва 19 синфхонаи иловагӣ барои 3000 ҷойи нишаст идома дорад.

«Муассисаи таълимии навбунёди имрӯза, яъне мактаби рақами 1, ки  барои 760 ҷойи нишаст дар ду баст бо тамоми шароити муосир ва ба маблағи 16 миллион сомонӣ бунёд гардидааст, гувоҳи ғамхории давлат нисбат ба наслҳои навраси Ватан мебошад», – гуфт ӯ.

Қайд гардид, ки илова бар ин, дар доираи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021, яъне дар панҷ соли оянда дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бунёди 32 муассисаи нави таълимӣ ба маблағи 47 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Зимнан таъкид шуд, ки соли гузашта беш аз 50 фоизи хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумии ноҳия ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии касбӣ дохил шудаанд, ки ин нишондиҳандаи хуб ва натиҷаи заҳмати аҳли маориф, инчунин, падару модарон мебошад.

Президенти мамлакат зикр кард, ки омӯзгорон ва масъулони соҳаи маорифи ноҳияро зарур аст, ки дар ин самт фаъолияти худро боз ҳам тақвият бахшида, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи хонандагон дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ тадбирҳои муассир андешанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.