Париж пойтахти Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 эълон шуд

Asia-Plus

Дар иҷлосияи Кумитаи байнулмилалии олимпӣ дар Лима эълон шуд, ки Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар пойтахти Фаронса – шаҳри Париж доир гардида, шаҳри Лос-Анҷелес Олимпиадаи соли 2028-ро қабул мекунад.

Бино ба маълумоти хабаргузории ВВС, шаҳрҳои Париж ва Лос-Анҷелес аввали моҳи июл ба сифати пойтахтҳои Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 ва 2028 тасдиқ шуда буданд, вале маълум набуд, ки кадоме аз онҳо пештар ин бозиҳоро мегузаронад.

Гуфта мешавад, барои баргузор намудани Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 ва соли 2028 ҳамчунин шаҳрҳои Гамбург, Будапешт ва Рим низ довталаб буданд, вале онҳо ба рӯйхати ниҳоӣ шомил нашуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳам Парижу ҳам Лос-Анҷелес қаблан низ соҳибони чунин Бозиҳо буданд: Париж Олимпиадаҳои соли 1900 ва 1920 ва Лос-Анҷелес Бозиҳои соли 1932 ва 1984-ро қабул кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки Бозиҳои навбатии тобистонаи олимпӣ соли 2020 дар пойтахти Япония – Токио баргузор мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...