Анҷоми муваффақонаи нахустин барориши коғазҳои қиматноки Тоҷикистон ба бозори ҷаҳонӣ

Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар бораи анҷоми муваффақонаи нахустин барориши коғазҳои қиматнок (еврбондҳо)-и кишвар ба бозории байнулмилалии молиявӣ хабар медиҳад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, гурӯҳи кории коршиносони Тоҷикистон дар ҳайати намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, БМТ, Вазорати молия ва Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ бо роҳбарии муовини якуми раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев дар ҳамкорӣ бо бонкҳои сармоягузории «Райффайзенбанк» ва «Ситибанк» дар вохӯриҳо (роудшоу) бо сармоягузорони азими давлатҳои ИМА, Англия ва Швейcария ширкат варзида, муариффии (презентатсияи) барориш ва фурӯши коғазҳои қиматноки давлатиро ба маблағи 500 млн. доллари ИМА барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” бо муваффақият таъмин намуданд.

Қайд мешавад, ки дар вохӯриҳои мазкур Гурӯҳи кории Тоҷикистон бо зиёда аз 300 намояндаи ширкатҳои бонуфузи сармоягузорӣ, аз ҷумла Голдман Сакс (дороиҳо – 1,3 трлн. доллари ИМА), Блэк Рок (дороиҳо – 5,4 трлн. доллари ИМА), Пимко (дороиҳо – 1,6 трлн. доллари ИМА), Морган Стенлий (дороиҳо – 420 млрд. доллари ИМА), Фиделити (дороиҳо – 2,13 трлн. доллари ИМА), Веллингтон Менеджмент Груп (дороиҳо зиёда аз 1,0 трлн. доллари ИМА), Ҷ.П. Морган (дороиҳо – 1,7 трлн. доллари ИМА) ва дигарҳо гуфтушунид анҷом дод.

«Дар рафти гуфтушунидҳо намояндагони ширкатҳои сармоягузорӣ ба як қатор масъалаҳои марбут ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла, нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, тамоюли рушди иқтисодӣ, ҳаҷми касри буҷети давлатӣ ва меъёри қарзи беруна, вазъи низоми бонкӣ, рафти корҳо ва нақшаи маблағгузории НБО “Роғун”, ҷараёни татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли барқи КАСА-1000, ислоҳот дар соҳаи энергетика, раванди гуфтушунидҳо бо Хазинаи Байналмилалии Асъор дар доираи барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ, диверсификатсияи идораи захираҳои байналмилалӣ, шаффофияти пешниҳоди ҳисоботи молиявӣ, рафти ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва ғайраҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуданд», – омадааст дар хабар.

Таъкид мешавад, ки тибқи таҷрибаи умумиҷаҳонӣ муайян намудани нархи вомбаргҳо (даромаднокии фоизи купон) аз механизми иқтисоди бозаргонӣ, рейтинги кишвар ва барномаи ХБА вобастагӣ дорад ва дар асоси баҳодиҳии рейтинги ҶТ дар назар дошта шуда буд, ки даромаднокии фоизи купони вомбаргҳои давлатии Тоҷикистон на кам аз 8% солонаро ташкил медиҳад.

Зикр мегардад, ки зимни вохӯрӣ ва муҳокимарониҳо бо сармоягузорони байналмилалӣ имкон фароҳам омад, ки диққати сармоягузорон ба иқтисодиёти Тоҷикистон бештар гардид, ки дар натиҷа пешниҳоди хариди сармоягузорон ба вомбаргҳои давлатии Тоҷикистон то ба 4,5 миллиард доллари ИМА зиёд гардида, пас аз гузаронидани гуфтушунидҳо, фоизи даромаднокии купони вомбаргҳо аз 8% то ба 7,125% солона коҳиш дода шуд ва вомбаргҳои давлатӣ дар ҳаҷми 500 миллион доллари ИМА ба бозори молиявии ҷаҳонӣ бароварда шуданд.

Дар БМТ қайд мекунанд, ки фоизи купони вомбаргҳои Тоҷикистон, барои вомбаргҳои 10-солаи давлатҳои дорои рейтинги “B” дар солҳои 2016-2017 яке аз пасттаринҳо ба ҳисоб меравад. Омили асосии ба даст омадани чунин натиҷа ин 9 маротиба зиёд будани дархостҳо барои хариди вомбаргҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби 290 сармоягузори байналмилалӣ мебошад, ки ин аз боварии сармоягузорони байналмилалӣ дар бомуваффақият ба анҷом расонидани сохтмони иншооти стратегии НБО “Роғун” гувоҳӣ медиҳад.

Ҳамчунин таъкид мешавад, ки Вомбаргҳои давлатии Тоҷикистон асосан ба идоракунандагони фондҳо (85%), аз ҷумла ба сармоягузорони ИМА (38%), Британияи Кабир (24%), давлатҳои Иттиҳоди Аврупо (35%) ва Осиё (3%) фурӯхта шуданд.

«Дар навбати худ сармоягузорони байналмилалӣ дар баробари хариди вомбаргҳо инчунин аз омодагии хеш дар самти ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд бо Тоҷикистон бо истифода аз дигар усулҳои сармоягузорӣ ибрози назар намуданд», – зикр мегардад дар маълумот.

Дар БМТ интишори нахустини рейтинги давлатӣ ва барориши муваффақонаи коғазҳои киматноки давлатии кишвар (евробондхо)-ро ба бозорҳои ҷаҳонӣ яке аз саҳифаҳои нави таърихи ташаккулёбии иқтисодиёти миллии ҷумҳурӣ дар 26 соли давраи истиқлолият ва ҳамгироии он ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ унвон мекунанд.

Бонки миллии Тоҷикистон ба бонкҳои сармоягузорӣ «Райффайзенбанк», «Ситибанк» ва ширкати ҳуқуқии “Морган Люис & Бокиус” барои мусоидат ва ҳамкорӣ дар барориши аввалин вомбаргҳои давлатии Тоҷикистон дар бозори байналмилалии сармоя миннатдорӣ изҳор намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...