Беш аз 1,5 ҳазор нафар ихтиёрӣ ба адои хизмати ҳарбӣ ҳозир шуданд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ба муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ҳисобот доданд, ки ҳанӯз то оғози тирамоҳ беш аз 1,5 ҳазор нафар ихтиёрӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ омада, омодагии худро ба адои хизмати ҳарбӣ изҳор намудаанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар Хонаи афсарони Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Азим Иброҳим оид ба масъалаи ташкили маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ (1 октябр – 30 ноябр) машварат баргузор намуд.

Қобили зикр аст, ки муовини сарвазир ҳамчунин роҳбари ситоди ҷумҳуриявии ташкили маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ буда, зимни машварат ӯ аз масъулони комиссариатҳои ҳарбӣ хотима гузоштан ба даъватҳои маҷбурӣ (облава)-ро талаб кард.

«Азим Иброҳим қайд кард, ки на ҳамаи маълумоти ВАО дар бораи зӯран ба хизмати ҳарбӣ даъват кардани ҷавонон асоси воқеӣ дорад, вале далелҳои ҷудогонаи истифодаи чунин тарзи даъват то ҳол вуҷуд доранд», – гуфт манбаъ.

Азим Иброҳим Сарпрокурори ҳарбии ҷумҳуриро вазифадор кард, ки маъракаи даъват қатъиян дар доираи қонунгузории кишвар ба роҳ монда шуда, аз масъулин талаб шуд, ки вазъи солимии даъватшавандагон дақиқкорона муоина шавад, то ки наврасони бемор ба хизмат даъват карда нашаванд.

Комиссарони вилояту шаҳру навоҳии кишвар ба муовини сарвазир итминон доданд, ки маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон пеш аз муҳлат – то санаи 15 ноябр ба иҷро мерасад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...