Таъини ҷазои боз 3 нафар аз «парвандаи коррупсионерҳо»

Собиқ сардори Раёсати тафтишоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Фирӯз Холмуродозода ба 15 соли зиндон маҳкум шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Суди олии ҷумҳурӣ хабар дод, мурофиа субҳи имрӯз доир гардида, ҳамчунин собиқ сардори шуъбаи тафтишоти Агентӣ дар шаҳри Душанбе Амиршо Султонзода ба 9 сол ва корманди Агентӣ Қосимҷон […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Собиқ сардори Раёсати тафтишоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Фирӯз Холмуродозода ба 15 соли зиндон маҳкум шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Суди олии ҷумҳурӣ хабар дод, мурофиа субҳи имрӯз доир гардида, ҳамчунин собиқ сардори шуъбаи тафтишоти Агентӣ дар шаҳри Душанбе Амиршо Султонзода ба 9 сол ва корманди Агентӣ Қосимҷон Саидов ба 7 соли зиндон муҷозот шудаанд.

Қобили зикр аст, ки айбдоркунандаи давлатӣ барои Холмуродзода – 17 сол ва Султонзода – 12 соли зиндон ҷазо дархост намуда буд. Ин парванда муҳри махфӣ гирифта, паси дарҳои пӯшида мегузарад.

Дар курсии айбдорӣ 6 нафар собиқ кормандони Агентӣ боқӣ мондаанд. Прокурор барои собиқ муфаттиши Раёсати тафтишот Фирдавс Абдуғаффорзода (Фирдавс Ниёзбадалов, домоди собиқ котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов) – 15 соли зиндон ва собиқ сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ дар соҳаи нақлиёт Қосим Саидзода – 7 соли зиндон ҷазо дархост карда буд.

Дар бораи дигар судшавандагон «Азия-Плюс» маълумот дар даст надорад.

Қаблан Суди олии Тоҷикистон собиқ муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Давлатбек Хайрзодаро ба иттиҳоми порагирӣ ба 10,6 соли зиндон ва худи ҳамон рӯз Фаридун Беназирзода, собиқ муовини сардори Раёсати гумруки вилояти Суғдро, ки қаблан дар Агентии зиддифасод кор мекард, низ барои ришваситонӣ ба 10,6 соли зиндон маҳкум кард.

Моҳи июли соли равон раиси Суди олии ҶТ Шермуҳаммади Шоҳиён изҳор намуда буд, ки аз рӯи ин парванда айни замон 13 нафар назди суд ҷавоб мегӯянд, ки 10 нафарашон собиқ кормандони Агентии зиддифасод ва 3 нафар аз сохторҳои дигаранд ва вобаста ба ин парванда айбдор карда мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.