Нахустин медали нуқраи Тоҷикистон дар Бозиҳои V осиёӣ

Дар Бозиҳои V Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ашқобод варзишгари тоҷик Манучеҳр Неъматов дар намуди таэквондо WTF медали нуқра ба даст овард. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Манучеҳр дар даври муқаддамотӣ бар варзишгари Чин Хионгин Оуянг ғалаба кард. Баъдан варзишгари Филиппин Ҷенар Ториллосро мағлуб намуд. Дар даври чорякфинал […]

Asia-Plus

Дар Бозиҳои V Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ашқобод варзишгари тоҷик Манучеҳр Неъматов дар намуди таэквондо WTF медали нуқра ба даст овард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Манучеҳр дар даври муқаддамотӣ бар варзишгари Чин Хионгин Оуянг ғалаба кард. Баъдан варзишгари Филиппин Ҷенар Ториллосро мағлуб намуд. Дар даври чорякфинал бар варзишгари Қазоқистон Айтуар Шайкенов пирӯз шуда, аммо дар финал аз варзишгари эронӣ Маҳдӣ Эҳсонӣ шикаст хӯрд.

Гуфта мешавад, дар рӯзи сеюми Бозиҳои Осиё варзишгарони тоҷик, инчунин сазовори 4 медали биринҷӣ гардида, Баъд аз натиҷагирии 3 рӯзи мусобиқот Тоҷикистон бо 1 медали нуқра ва 10 биринҷӣ дар ҷадвали ҳисоби медалҳо миёни 63 давлати иштирокчӣ дар ҷои 19-ум қарор дорад.

Зикр мегардад, ки кишвари мизбон – Туркманистон бо 62 медал (29 тилло, 21 нуқра, 12 биринҷӣ) дар ҷои аввал аст. Ҷумҳурии Исломии Эрон бо 4 медали тилло, 2 нуқра ва 6 биринҷӣ дар мақоми дуюм, Узбекистон бо 3 медали тилло, 5 нуқра ва 20 биринҷӣ дар мақоми сеюм қарор доранд.

Ёдрас мекунем, ки дар рӯзи аввали Бозиҳои 5-уми Осиё дар Ашқобод мусобиқот оид ба ҷиу-ҷитсу (сабқатҳои омехта) ва гуштини камарбандӣ (тарзи озод) баргузор шуд, ки варзишгарони мо соҳиби 6 медали биринҷӣ гардиданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои кишварҳои кӯҳистони минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон аҳаммияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.