Афроди саркаш аз пардохти алимент мавриди ҷустуҷӯ эълон мешаванд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшударо ба Кодекси ҷиноии ҶТ дар мавриди ҷазои ашхосе, ки бо ҳар роҳу восита аз пардохти алимент (маблағ барои фарзанди ноболиғ ва волидони нотавон) саркашӣ мекунанд, баррасӣ ва қабул кард.

Мувофиқи тағйироти қабулшуда, мақоми афроди саркаши ашаддӣ аз пардохти алимент барои фарзандони ноболиғ ва ҳамчунин нигоҳубину ғамхории волидони нотавон ва ниёзманд ба кумак муайян карда шуд.

«Шахсоне, ки дар муддати се моҳ қарори суд дар бораи ҷудо кардани алимент барои фарзандон ва нигоҳубини волидони нотавонро иҷро намекунанд, афроди саркаши ашаддӣ аз пардохти он шуморида мешаванд», – изҳор дошт ба вакилони парлумон вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон беш аз 65 ҳазор қарорҳои суд дар бораи пардохти маблағи алимент ба фарзандони ноболиғ дар дасти судиҷрочиён қарор дорад.

«Шахсоне, ки алименти фарзандонашонро пардохт намекунанд ё барои нигоҳубини волидони нотавону оҷизашон восита ҷудо намекунанд, ҷазои сахт гирифта, мавриди ҷустуҷӯ эълон мешаванд», – иброз дошт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки дар қонунгузории ҷиноии Тоҷикистон барои саркашӣ аз пардохти алимент барои фарзандони ноболиғ ва волидони ба кумак ниёздошта ҷазои аз 120 то 180 соат кори ҳатмӣ ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то 2 сол, ҳамчунин ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба ҳамин муҳлат пешбинӣ шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...