Фонди Саудӣ дар Тоҷикистон 66 мактаб месозад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон имрӯз созишномаи қарзӣ аз рӯи лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии як қатор мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар кишварро тасдиқ кард. Созишнома нимаи моҳи май байни Фониди Саудӣ ва Тоҷикистон ба имзо расида буд.

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид ба вакилони парлумон изҳор намуд, ки барои сохтмони 66 мактаби таҳсилоти умумӣ Фонди Саудӣ беш аз 35 млн. доллар қарзи имтиёзнок ҷудо мекунад.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки муддати ду соли минбаъда дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба маблағи умумии 418 млн. сомонӣ 124 мактаб сохта мешавад.

Вазир таъкид дошт, ки имрӯз дар саросари ҷумҳурӣ ҳудуди 4 ҳазор мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо наздики 2 млн. нафар хонандагон таҳсил мекунанд.

Қобили зикр аст, ки айни замон наздики 30 фоизи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таъмири асосӣ ниёз доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...