Намояндаи Тоҷикистон дар зинаи сеюми озмуни SILK WAY STAR

Марҳилаи якум аз се даври барномаи шоуи телевизионии SILK WAY STAR дар Алмаато ба итмом расида, аз рӯи натиҷаҳои он миёни 9 кишвар намояндаи Тоҷикистон Сафармуҳаммад Қодирӣ зинаи сеюмро ишғол мекунад. Дар марҳилаи охири даври сеюм аз рӯи шарти озмун Сафармуҳаммад суруди Миратобек Атобеков «Суранами кечир мени»-ро бо забони қирғизӣ ба иҷро расонида, аъзои ҳакамон […]

Марҳилаи якум аз се даври барномаи шоуи телевизионии SILK WAY STAR дар Алмаато ба итмом расида, аз рӯи натиҷаҳои он миёни 9 кишвар намояндаи Тоҷикистон Сафармуҳаммад Қодирӣ зинаи сеюмро ишғол мекунад.

Дар марҳилаи охири даври сеюм аз рӯи шарти озмун Сафармуҳаммад суруди Миратобек Атобеков «Суранами кечир мени»-ро бо забони қирғизӣ ба иҷро расонида, аъзои ҳакамон ба ҳунари ӯ баҳои баландро сазовор донистанд.

Сафармуҳаммад зикр кардааст, ки ҳарчанд забонҳои чиниву англисӣ ва русиву форсиро хуб донад ҳам, иҷрои суруд бо забони қирғизӣ барояш душвор буд, зеро ба иштирокчиён барои омода кардану иҷрои суруд бо забони хориҷӣ ҳамагӣ ду рӯз муҳлат доданд.

Қобили зикр аст, ки барои дастгирии Сафармуҳаммад Қодирӣ ин дафъа ҳамватанаш Парвиз Назаров бо ҳамсару фарзандонаш ба озмун омад, ки ба ҳунармандии хуби овозхони тоҷик мусоидат кард.

 

Даври дуюми барномаи шоуи телевизионии SILK WAY STAR дар Алмаато аз 15 октябри соли равон оғоз мегардад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.