Фонди Саудӣ дар Тоҷикистон 66 мактаб месозад

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон имрӯз созишномаи қарзӣ аз рӯи лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии як қатор мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар кишварро тасдиқ кард. Созишнома нимаи моҳи май байни Фониди Саудӣ ва Тоҷикистон ба имзо расида буд. Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид ба вакилони парлумон изҳор намуд, ки барои сохтмони 66 мактаби таҳсилоти умумӣ […]

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон имрӯз созишномаи қарзӣ аз рӯи лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии як қатор мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар кишварро тасдиқ кард. Созишнома нимаи моҳи май байни Фониди Саудӣ ва Тоҷикистон ба имзо расида буд.

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид ба вакилони парлумон изҳор намуд, ки барои сохтмони 66 мактаби таҳсилоти умумӣ Фонди Саудӣ беш аз 35 млн. доллар қарзи имтиёзнок ҷудо мекунад.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки муддати ду соли минбаъда дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба маблағи умумии 418 млн. сомонӣ 124 мактаб сохта мешавад.

Вазир таъкид дошт, ки имрӯз дар саросари ҷумҳурӣ ҳудуди 4 ҳазор мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо наздики 2 млн. нафар хонандагон таҳсил мекунанд.

Қобили зикр аст, ки айни замон наздики 30 фоизи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таъмири асосӣ ниёз доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.