Путин ба Эмомалӣ Раҳмон дар кори давлатӣ комёбиҳо орзу кард

Asia-Plus

Президенти Русия Владимир Путин зимни суҳбати телефонӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо ҷашни 65-солагиаш табрик карда, ба ӯ дар фаъолияти давлатӣ комёбиҳои минбаъда таманно кард, хабар дода мешавад дар сомонаи Кремл.

Зикр мегардад, ки қаблан Президенти Русия ба унвони Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни зодрӯзаш барқияи табрикӣ ирсол кард.

«Давоми солҳои президентӣ ба Шумо таъмини сулҳу созиш дар кишвар, соҳиб шудан ба эҳтироми ҳамватанон ва нуфузи баланд дар хориҷи кишвар муяссар шуд. Таҳти роҳбарии Шумо Тоҷикистон дилпурона ба самти рушди иҷтимоиву иқтисодӣ роҳ паймуда, дар ҳалли масоили рӯзмарраи минтақавӣ фаъолона иштирок мекунад», – омадааст дар барқия.

Президенти Русия саҳми шахсии Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқчигӣ миёни Русия ва Тоҷикистон қайд кардааст.

«Мехоҳам омодагиро ба идомаи муколамаи созанда ва кори пурсамари муштарак баҳри густариши минбаъдаи робитаҳои дуҷонба дар тамоми соҳаҳо ба хотири некӯаҳволии мардуми дӯсту бародари Русия ва Тоҷикистон изҳор намоям», – илова мешавад дар барқия.

Қобили зикр аст, ки баъди ду рӯз, санаи 7 октябр Президенти Русия Владимир Путин низ 65-солагиашро ҷашн мегирад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, имрӯз Сарвари давлати Тоҷикистонро сарони кишварҳои Ӯзбекистон – Шавкат Мирзиёев ва Беларус – Александр Лукашенко низ бо ҷашни зодрӯзаш табрик карданд.

Зимни суҳбати телефонӣ бо Шавкат Мирзиёев сарони давлатҳо аз вазъи имрӯзаи ҳамкорию ҳамдастии ду ҷониб дар ҳамаи сатҳҳо қаноатмандӣ изҳор карда, ҳамчунин барои саъю талошҳои муштарак ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав боло бурдани муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони онҳо омодагӣ изҳор шуд.

Дар ҷараёни суҳбати телефонӣ бо Президенти Беларус Александр Лукашенко саҳми бузурги Президенти Тоҷикистонро дар истиқрори сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар кишвар, таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва таҳкими эътибори он дар арсаи байналмилалӣ таъкид кард.

Гуфта мешавад, сарони давлатҳо дар фазои дӯстона ва созанда, ки хоси муносибатҳои байни Тоҷикистону Беларус мебошанд, атрофи ҳолати кунуниву ояндаи тамоми маҷмӯи робитаҳои ду кишвар ва роҳҳои густариши минбаъдаи онҳо мубодилаи афкор анҷом доданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...