Путин ба Эмомалӣ Раҳмон дар кори давлатӣ комёбиҳо орзу кард

Президенти Русия Владимир Путин зимни суҳбати телефонӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо ҷашни 65-солагиаш табрик карда, ба ӯ дар фаъолияти давлатӣ комёбиҳои минбаъда таманно кард, хабар дода мешавад дар сомонаи Кремл. Зикр мегардад, ки қаблан Президенти Русия ба унвони Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни зодрӯзаш барқияи табрикӣ ирсол кард. «Давоми солҳои президентӣ ба Шумо […]

Asia-Plus

Президенти Русия Владимир Путин зимни суҳбати телефонӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо ҷашни 65-солагиаш табрик карда, ба ӯ дар фаъолияти давлатӣ комёбиҳои минбаъда таманно кард, хабар дода мешавад дар сомонаи Кремл.

Зикр мегардад, ки қаблан Президенти Русия ба унвони Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни зодрӯзаш барқияи табрикӣ ирсол кард.

«Давоми солҳои президентӣ ба Шумо таъмини сулҳу созиш дар кишвар, соҳиб шудан ба эҳтироми ҳамватанон ва нуфузи баланд дар хориҷи кишвар муяссар шуд. Таҳти роҳбарии Шумо Тоҷикистон дилпурона ба самти рушди иҷтимоиву иқтисодӣ роҳ паймуда, дар ҳалли масоили рӯзмарраи минтақавӣ фаъолона иштирок мекунад», – омадааст дар барқия.

Президенти Русия саҳми шахсии Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқчигӣ миёни Русия ва Тоҷикистон қайд кардааст.

«Мехоҳам омодагиро ба идомаи муколамаи созанда ва кори пурсамари муштарак баҳри густариши минбаъдаи робитаҳои дуҷонба дар тамоми соҳаҳо ба хотири некӯаҳволии мардуми дӯсту бародари Русия ва Тоҷикистон изҳор намоям», – илова мешавад дар барқия.

Қобили зикр аст, ки баъди ду рӯз, санаи 7 октябр Президенти Русия Владимир Путин низ 65-солагиашро ҷашн мегирад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, имрӯз Сарвари давлати Тоҷикистонро сарони кишварҳои Ӯзбекистон – Шавкат Мирзиёев ва Беларус – Александр Лукашенко низ бо ҷашни зодрӯзаш табрик карданд.

Зимни суҳбати телефонӣ бо Шавкат Мирзиёев сарони давлатҳо аз вазъи имрӯзаи ҳамкорию ҳамдастии ду ҷониб дар ҳамаи сатҳҳо қаноатмандӣ изҳор карда, ҳамчунин барои саъю талошҳои муштарак ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав боло бурдани муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони онҳо омодагӣ изҳор шуд.

Дар ҷараёни суҳбати телефонӣ бо Президенти Беларус Александр Лукашенко саҳми бузурги Президенти Тоҷикистонро дар истиқрори сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар кишвар, таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва таҳкими эътибори он дар арсаи байналмилалӣ таъкид кард.

Гуфта мешавад, сарони давлатҳо дар фазои дӯстона ва созанда, ки хоси муносибатҳои байни Тоҷикистону Беларус мебошанд, атрофи ҳолати кунуниву ояндаи тамоми маҷмӯи робитаҳои ду кишвар ва роҳҳои густариши минбаъдаи онҳо мубодилаи афкор анҷом доданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.