Сафири Озарбойҷон ҷонибдори ифтитоҳи хатсайри мустақими Боку – Душанбе

Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов зимни вохӯрӣ бо вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода дар Душанбе изҳор намуд, ки мавҷуд набудани хатсайри ҳавоии мустақими Боку – Душанбе, сарфи назар аз имконоти зиёд, ба рушди ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои гуногун монеъа эҷод мекунад. Бино ба маълумоти ВАО-и Озарбойҷон, дар мулоқот масъалаи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов зимни вохӯрӣ бо вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода дар Душанбе изҳор намуд, ки мавҷуд набудани хатсайри ҳавоии мустақими Боку – Душанбе, сарфи назар аз имконоти зиёд, ба рушди ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои гуногун монеъа эҷод мекунад.

Бино ба маълумоти ВАО-и Озарбойҷон, дар мулоқот масъалаи таҳвили маҷмӯи васеи маҳсулоти Озарбойҷон ба бозорҳои Тоҷикистон баррасӣ шуда, зикр гардидааст, ки сармоягузорони озарбойҷонӣ ба иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷуҳ дошта, аз ҷониби Тоҷикистон муҳайё сохтани шароитҳои мусоид барои ҷалби сармояи хориҷӣ, соддатар кардани расмиёти андозбандӣ ва боҷҳои гумрукӣ муҳим аст.

Дар робита ба барқарор кардани фаъолияти хатсайри ҳавоии Душанбе – Боку сафир қайд кардааст, ки ин масъала то ҳанӯз ҳалношуда боқӣ монда, ба амалисозии ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, илму фарҳанг ва дигар соҳаҳо миёни кишварҳо монеъа ба вуҷуд меорад.

Қобили зикр аст, ки ахиран имкони барқарор кардани хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни Душанбе ва Бокуро ҷонибҳо чандин маротиба дар сатҳҳои гуногун баррасӣ мекунанд.

Ин хатсайр моҳи майи соли 2012 боз шуда, вале бинобар сабаби нокофӣ будани талаботи мусофирон ба он, боздошта шуд. Баъдан моҳи марти соли 2013 парвозҳо тариқи ин хатсайр боз дубора барқарор шуда, ин дафъа низ бо сабаби дар боло зикргардида мутаваққиф шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.