Раҳбарияти як воҳиди «Тоҷпромбонк» 200 ҳазор доллари мизоҷонро азхуд кардаанд

Суди ноҳияи Синои пойтахт 5 нафар собиқ кормандони «Тоҷпромбонк»-ро, ки дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор дорад, ба муҳлатҳои гуногуни зиндон маҳкум кард. Онҳо ба азхудкунӣ ва харҷи воситаҳои собиқ бонк дар ҳаҷми беш аз 200 ҳазор доллар айбдор дониста шуданд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, мувофиқи ин парванда собиқ сардори филиали «Тоҷпромбонк» дар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Суди ноҳияи Синои пойтахт 5 нафар собиқ кормандони «Тоҷпромбонк»-ро, ки дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор дорад, ба муҳлатҳои гуногуни зиндон маҳкум кард. Онҳо ба азхудкунӣ ва харҷи воситаҳои собиқ бонк дар ҳаҷми беш аз 200 ҳазор доллар айбдор дониста шуданд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, мувофиқи ин парванда собиқ сардори филиали «Тоҷпромбонк» дар ноҳияи Шаҳринав Қурбонов С.Н., ҳамчунин собиқ сармуҳосиб, хазинадор ва ду сармутахассиси ин воҳиди бонк ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Гуфта мешавад, маҳкумшудагон аз соли 2013 то моҳи феврали соли 2016 тибқи маслиҳати пешакӣ пасандоз, маснуотҳои тилловорӣ ва маблағҳои пешпардохти мизоҷонро азхуд намуда, бо ин кирдорашон  ба бонки  мазкур ба маблағи умумӣ 188 ҳазор доллари ИМА, беш аз 95 ҳазор сомонӣ ва 279 ҳазор рубли русӣ зарари миқдораш махсусан калон расонидаанд.

Зикр мегардад, ки бо ҳалномаи суд сардори филиали бонк ба – 16 сол, хазинадор – 12 сол, сармутахассисон – 9-солӣ ва сармуҳосиб – ба 8,6 соли зиндон маҳкум шуданд.

Ёдрас мекунем, ки бо қарори Раёсати БМТ аз 24 феврал иҷозатномаи анҷоми фаъолияти бонкии «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» бозхонда шуда, худи ҳамин рӯз аз суд бо ариза дар бораи маҷбуран барҳамдиҳии ин бонкҳо муроҷиат шуд.

Моҳи марти соли равон бо қарори Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ҷараёни маҷбуран барҳамдиҳии «Тоҷпромбонк» шурӯъ шуд, ки мувофиқи қонунгузорӣ, муддати ду сол метавонад идома ёбад ва дар сурати зарурат имкон дорад боз як соли дигар дароз шавад.

Тибқи маълумоти охирин, феълан 2070 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ (қарздорони бонк) ба “Тоҷпромбонк” 266 млн. сомонӣ маблағҳоро барнагардонидаанд. Амволи бонк дар маҷмӯъ 450 млн. сомонӣ нархгузорӣ шудааст. Ҳаҷми умумии уҳдадориҳои бонк ҳудуди 550 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Тибқи рӯйхати амволи ғайриманқул ва дигар дороиҳои бонкҳои дучори мушкилоти Тоҷикистон, дар номгӯи дороиҳои «Тоҷпромбонк» 117 иншоот, аз қабили бинои Сарбонк, 21 бинои филиалҳо ва марказҳои хизматгузории бонкӣ зикр шудааст. Ин бонк ҳамчунин дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ дорои манзилҳои сершумор ва дигар иншоот аст. Охири моҳи июн амволи «Тоҷпромбонк» ба фурӯш гузошта шуд.

Аввали моҳи сентябр муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид зимни вохӯрӣ бо муштариёни аз онҳо дархост намуд, ки замони тибқи қонун муқарраршудаи барҳамдиҳии бонкро интизор шаванд. Ӯ қайд кард, ки пеш аз ҳама, пулҳое шахсоне баргардонида мешаванд, маблағаш на он қадр зиёд аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.