Баррасии дурнамои ҳамкориҳо миёни сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия

Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Шоми рӯзи 10 октябр дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои узви ИДМ дар шаҳри Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Россия Владимир Путин мулоқот кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози мулоқот, ки дар фазои ҳусни тафоҳум ва якдигарфаҳмӣ сурат гирифт, Сарвари Федератсияи Россия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби марги бародарашон Нуриддин Раҳмон изҳори тасаллияту ҳамдардӣ баён доштанд.

Дар суҳбат сарони ду давлат доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Россия табодули афкор намуданд.

Ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ аз самтҳои афзалиятноки ҳамгироии байнидавлатӣ арзёбӣ гардида, аз сатҳу сифати муносибатҳои дуҷониба дар доираи кори Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин ба масъалаи рушду тавсеаи робитаҳои байниминтақавӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд. Дар ин робита масъалаи таъмини бозорҳои Россия бо маҳсулоти хушсифати кишоварзии Тоҷикистон ва бартарафсозии монеаҳо дар ин самт таъкид карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки мо аз иштироки ширкатҳои Россия дар азхуднамоии бойигариҳои зеризаминии Тоҷикистон истиқбол менамоем ва хостгори тақвияти муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои саноати сабук ва вазнин, кӯҳкорӣ ва кишоварзӣ мебошем.

Ҳарду ҷониб ҷиҳати тақвияти бештари ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуманитарӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.

Дар ин робита Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз раванди татбиқи мувофиқаҳои дар ин ҷода бадастомада изҳори қаноатманди намуда, аҳамияти ба Тоҷикистон расонидани 62 ҳазор китобҳои дарсӣ ба забони русӣ ва ба Тоҷикистон омадани аввалин гуруҳи омӯзгоронро ҳамчун иқдоми нек таъкид карданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин ба ҷониби Россия барои гузаронидани маъракаи авфи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бинобар вайрон кардани қоидаҳои будубош вуруди онҳо ба Россия манъ гардида буд, изҳори миннатдорӣ намуданд.

Боиси зикр аст, ки дар рафти ин маърака, ки моҳи апрели соли равон гузаронида шуд, зиёда аз 100 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон будубоши худро дар қаламрави Федератсияи Россия ба расмият дароварданд.

Дар мулоқот ҳамчунин масоили амниятиву мудофиавӣ, аз ҷумла, вазъи сиёсию низомӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва таъмини амнияту суботи минтақавӣ баррасӣ шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...