Русия боз як пойгоҳи низомӣ дар марз бо Тоҷикистонро зарур намедонад

Григорий Карасин, ноиби вазири умури хориҷии Русия гуфтааст, ниёзе ба пойгоҳи нави низомӣ дар назди марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон нест. Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», Карасин зимни як нишасти матбуотӣ гуфтааст, Бишкек ташкили чунин як пойгоҳи навро пешниҳод кардааст, аммо Маскав барои шумора талош надорад ва бо пойгоҳҳои феълӣ дар минтақа қаноат мекунад: “Барои ҳалли […]

хабаргузории «Озодагон»

Григорий Карасин, ноиби вазири умури хориҷии Русия гуфтааст, ниёзе ба пойгоҳи нави низомӣ дар назди марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон нест.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», Карасин зимни як нишасти матбуотӣ гуфтааст, Бишкек ташкили чунин як пойгоҳи навро пешниҳод кардааст, аммо Маскав барои шумора талош надорад ва бо пойгоҳҳои феълӣ дар минтақа қаноат мекунад: “Барои ҳалли масоили амниятии Русия ва иттифоқчиёни мо омили муҳиму муайянкунанда аст. Пойгоҳҳои феълӣ дар Тоҷикистону Қазоқистон тавони истодагарӣ дар баробари ҳар таҳдиди эҳтимолӣ дар минтақаро доранд. Русия ният дорад, нерӯи пойгоҳҳои мавҷударо таҳким бахшад, аммо пойгоҳҳои навро ташкил намедиҳад”.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Сапар Исаков, нахуствазири Қирғизистон гуфт, дар сатҳи вазоратҳои дахлдори ду кишвар машваратҳо шурӯъ шудааст. “Ҷумҳурии Қирғизистон бар ин аст ки барои таъмини амният на танҳо дар Қирғизистон, балки дар минтақа мустаққар намудани як пойгоҳи низомӣ дар ҷануби кишвар зарур аст. Аммо ҳоло ҷонибҳо дар ин замина ба қарори ниҳоӣ нарасидаанд”.

Қаблан, Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон изҳор дошта буд, ки Русия метавонад дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон як пойгоҳи дигари низомиашро мустаққар созад.

Дар ҳоли ҳозир дар Канти Қирғизистон як пойгоҳи ҳарбии Русия фаъол аст ва пойгоҳи 201-аш дар Тоҷикистон калонтарин воҳиди низомӣ дар хориҷи ин кишвар мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.