Омодагии нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ба кор дар мавсими тирамоҳу зимистон

Нерӯгоҳи Сангтӯда-1 барои кор дар мавсими тирамоҳу зимистони имсола шиносномаи омодагӣ гирифт. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ҶСК «НБО Сангтӯда-1», комиссия таҳти сарварии намояндаи ширкати «Интер РАО» аз рӯи натиҷаҳои санҷиши маҷмӯавӣ камбуду ноқисиҳоро дарёфт накардааст ва иҷрои шартҳои асосиву иловагии омодагӣ ба кор дар мавсими тирамоҳу зимистонро тасдиқ намудааст. Гуфта мешавад, комиссия омодагии таҷҳизоту […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Нерӯгоҳи Сангтӯда-1 барои кор дар мавсими тирамоҳу зимистони имсола шиносномаи омодагӣ гирифт.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ҶСК «НБО Сангтӯда-1», комиссия таҳти сарварии намояндаи ширкати «Интер РАО» аз рӯи натиҷаҳои санҷиши маҷмӯавӣ камбуду ноқисиҳоро дарёфт накардааст ва иҷрои шартҳои асосиву иловагии омодагӣ ба кор дар мавсими тирамоҳу зимистонро тасдиқ намудааст.

Гуфта мешавад, комиссия омодагии таҷҳизоту дастгоҳҳои нерӯгоҳ, иҷрои корҳои таъмири ҷорӣ, кор бо ҳайати шахсӣ, баргузории машғулиятҳо, таъмини коргарон бо сарулибоси махсус, вазъи бехатарӣ ва истифодаи биноҳову иншоот, таҷҳизоти нерӯгоҳ ва ғайраро мавриди санҷиш қарор додааст.

«Санҷиши омодагии нерӯгоҳ ба кор дар мавсими тирамоҳу зимистон ҳамасола, шурӯъ аз соли 2012 сурат гирифта, барои таъмини кори пурсамар ва боэътимоди нерӯгоҳ дар давраи сарбории аз ҳама бештар зарур аст, ки дар навбати худ, истеҳсол ва интиқоли мунтазаму босуботи нерӯи барқ ба он вобаста аст», – омадааст дар маълумоти нерӯгоҳ.

ҶСК «Нерӯгоҳи обӣ-барқии Сангтӯда-1» корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст, ки соли 2006 бо мақсади анҷоми сохтмон ва истифодаи минбаъдаи нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон таъсис ёфт. Иқтидори тавлидотии нерӯгоҳ 670 мегаватт арзёбӣ шудааст.

Маблағи умумии лоиҳа зиёда аз 600 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, 25%-и саҳми он дар ихтиёри Тоҷикистон мебошад. Агрегати аввали нерӯгоҳ 20-уми январи соли 2008 ва 31-уми июли соли 2009 пурра чор агрегати нерӯгоҳ мавриди истифода қарор гирифтанд. Ба ҳиссаи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» то 12% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи дар Тоҷикистон истеҳсолшуда рост меояд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.